Please update your Flash Player to view content.
Ҳазрати имом Алӣ ибни Абитолиб (а) фармуд:
شَرُّ النّاسِ مَن لا یُرجی خَیرَهُ وَ لا یُؤمَنُ شَرَّهُ
Бадтарин мардум касе аст, ки ба хайри ӯ умеде нест ва аз бадии ӯ осоишу амният нест.
Ғурарулҳикам, саҳ.175
Бархе аз мардум дарди бедармон доранд.
Дигар барояшон фарқе намекунад, ки мардум чӣ ҳол доранд. Роҳат доранд ё ранҷ мебаранд дар тангдастиву гирифторӣ ё осоишу амният ҳастанд.
Худо накунад, ки касе гирифтори ингуна "эҳсоси мурдагӣ" шавад, ки натиҷааш дигаргун шудани ҳувият ва шахсияти инсонӣ аст ва бадтарин мардум шудан.
Орзу дорам агар гул нестам хоре набошам
Борбардор ар зи душе нестам боре набошам
Гар нагаштам дӯст бо соҳибдиле душман нагардам
Бустон баҳри халил ар нестам норе набошам
Ростӣ магар саодати ҷомеа дар гарави навъдӯстӣ, ҳамдилӣ, ҳамкорӣ ва некукорӣ нест?
Барои анҷоми ин кор ва расидан ба ин ҳадаф бояд яке аз ин ду корро анҷом дод: "суду фоида расондан ба мардум" ва "парҳез аз зарар ва осебрасонӣ".
Агар касе лаёқат, шароит ва тавфиқи кӯмак расондан ва асо шудан барои дигарон надорад ҳадди ақал метавонад аз озору зарар ба дигарон парҳез ва худдорӣ кунад ва дигарон аз шарри ӯ дар амон бошанд.
Агар инсоне ба ҷое расид, ки дигарон ба хайри ӯ умед надоранд ва аз бадиҳо ва зарарҳои ӯ дар амон нестанд бадтарин шахс ва мояи нанги башар аст.
Маро ба хайри ту умед нест шар марасон!
Баъзе афрод аз дарахти бемева ҳам бехосияттар ва ғофил ҳастанд.
Чӣ бисёр инсонҳое, ки фақат бо садои белу кедмани гуркан аз хоби ғафлат бедор мешаванд, вале дигар чӣ суду куҷо фурсат?
Агар хубтарин нестем ҳадди ақал бадтарин набошем!

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти