Please update your Flash Player to view content.
Хушо онон, ки бо ҳақ ошноянд
Мутеи маҳзи фармони Худоянд
Чу Иброҳим Исмоили худро
Фидои амри Аллоҳ менамоянд
*****
Бигзар аз фарзанду ҷону ҳамсарат,
То Халилуллоҳи давронат кунанд!
Сар бинеҳ бар каф, бирав дар кӯи дӯст,
То чу Исмоил қурбонат кунанд!
*****
Нишонам деҳ сироти равшанамро,
Худамро, боварамро, буданамро
Худовандо, ман аз насли Халилам
Ба қурбонгоҳ меорам «манам»-ро
*****
Сарбаландии Иброҳим, оромиши Исмоил, умедвории Ҳоҷар, сафои замзам, раҳоӣ аз ҳавои нафсу шайтон, касби ризои Худои меҳрубон, атри Арафа ва баракати иди Қурбонро барои шумо орзумандем!
Иди саъиди «Қурбон», шукуҳи бандагиву таслиму имон, ноумедӣ ва шикасти шайтон ва ҷашни «тақарруб» ошиқон ба даргоҳи Худои меҳрубон бар ҳамаи мусулмонони ҷаҳон муборак бод!

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти