Чӣ бояд кард?
Ба шахсияти ӯ эҳтиром бигузоред. Бо додани масъулият ва эҷоди заминаи мушорикат ӯро бо худ ҳамроҳ кунед. Ӯ бояд эҳсос кунад, ки на танҳо ба ҷойгоҳи ӯ осебе нарасида аст, балки нақши пуррангтаре низ пайдо карда аст. Ба ин тартиб аз ҳасодати ӯ кам мешавад.
Метавонед бигӯед: “Азизам! Агар битавонӣ бо бардоштани сумкае, ки лавозими бародари майдаат дар он аст ба ман кӯмак кунӣ хеле лутф мекунӣ. Намедонам агар ту набудӣ ман ҳоло бояд чӣ кор мекардам?”
Иҷоза диҳед ҳасодаташро ба роҳатӣ ошкор кунад. Агар гуфт: Хеле аз бародараш нафрат доард ва аз ӯ бадаш меояд.
Ба ҷои он ки бигӯед: “Ин чӣ сухане аст? Магар ӯ чӣ кор карда аст? Ту бояд бо ӯ меҳрубон бошӣ”
Метавонед, дар ҳоле ки ӯро навозиш мекунед бигӯед: ”Ту хеле нороҳат ҳастӣ. Агар дӯст дорӣ имрӯз бо ҳам ба гардиш меравем ва сӯҳбат мекунем то бубинем ӯ чи кор карда аст, ки нороҳат шудӣ. Ӯ намедонад, ки чи тавр бояд бо ту рафтор кунад. Ман саъй мекунам ба ӯ ёд бидиҳам.”
Мумкин аст ӯ дар ибтидо навозиши шуморо бо бадхулқӣ рад кунад. Дар ин сурат асабонӣ нашавед ва ба муҳаббат варзидан идома бидиҳед.
Ҳангоме ки машғули шир додан ба навзодатон ҳастед ҳамзамон фарзанди бузургтарро навозиш кунед, барояш қисса бигӯед ва муҳаббати худро ошкор ва ба ӯ иброз кунед.
Заминаи ибрози дӯстӣ ва муҳаббат ба дигаронро барояш фароҳам оваред.
Ба ҷои он ки ба ӯ бигӯед: “Агар мехоҳӣ бо дӯстат бозӣ кунӣ бояд ту ҳам асбоббозиҳоятро ба дӯстат бидиҳӣ!”
Метавонед бигӯед: “Агар ҳангоми бозӣ бо дӯстат асбоббозиҳоят хароб шуд аслан муҳим нест. Ба ҷои он ту тавонистӣ як дӯст пайдо кунӣ, ки ҳар вақт хостед бо ҳам бозӣ кунед.” Таваҷҷӯҳ дошта бошед бо ин кор ба ӯ меомузед, ки дӯстонаш муҳимтар аз асбоббозиҳояш ҳастанд.
Бо ӯ ҳамбозӣ шавед ва гоҳе аз ӯ бихоҳед нақши падар ё модарро ба ӯҳда бигирад. Саъй кунед рафтороҳи ӯро дар бозӣ зери назар бигиред.
Кӯдакон дар бозӣ ё мисли волидайни худ рафтор мекунанд ё тавре ки дӯст доранд падару модарашон онгуна бошанд. Шумо дар ин бозӣ метавонед нақши фарзанди ҳасудро бозӣ кунед.
Пеш аз вуруди фарзанди нав ба ҷамъи хонавода, огоҳиҳои лозимро ба кӯдаки худ бидиҳед. Ба ӯ мужда диҳед, ки ба зудӣ хоҳар ё бародаре хоҳад дошт, ки ҳамбозии ӯ хоҳад шуд.
Ба ҷои он ки бигӯед: “То чанд вақти дигар навзодамон ба дунё меояд ва ту дигар набояд корҳои бачагона кунӣ чун бузург шудаӣ.”
Метавонед бигӯед: “Хабаре бароят дорем, ки туро хушҳол мекунад ... ту ҳамеша дӯст доштӣ, ки хоҳар ё бародаре дошта бошӣ, ки бо ӯ бозӣ кунӣ ва ба ӯ чизҳои хубе, ки огоҳӣ ёд бидиҳӣ... ба зудӣ хоҳар ё шояд бародари ту ба дунё биёяд. Ӯ ҳеҷ кадом аз моро намешиносад ва наметавонад ҳарф бизанад ва мо бояд ба ӯ нигоҳ кунем то бифаҳмем, ки чи ниёзе дорад. Албатта ҳузури ту дар канори мо хеле кӯмак мекунад. Чун ту фосилаи синни камтаре ба ӯ дорӣ ва баъзе аз ҳарфҳои ӯро мефаҳмӣ ва ба мо мегӯӣ. Ҳозирӣ ба мо кӯмак кунӣ ва баъзе аз корҳои ӯро анҷом бидиҳӣ то ӯ ҳам зудтар туро бишиносад?”
Бо вуруди фарзанди нав, вақтҳои хоссеро барои сӯҳбат кардан ва расидагӣ ба фарзанди бузургтар ҷудо кунед, масалан гоҳе фарзанди майдатарро ба падару модаратон бисупоред ва бо фарзанди бузургтар ба танҳоӣ ба парк биравед ва дар бораи масоили ӯ сухан бигӯед. Ӯро дар оғӯш бигиред ва бибусед.
Ба ҷои муқоиса кардани ӯ бо дигарон ба рафторҳои хубаш имтиёз бидиҳед ва ӯро ташвиқ кунед. Саъй кунед тафсири мусбате аз рафторҳои манфии ӯ ироа бидиҳед ва оҳиста-оҳиста ба самти рафтори мусбат ҳидояташ кунед.
Ба ҷои он ки бигӯед: “Бубин фалонӣ ҳуҷраашро мураттаб карда аст ва асбоббозиҳояшро ҳам ҷамъ карда аст. Аз ӯ ёд бигир! Ӯ аз ту майдатар аст, вале ин қадар, ки ту азият мекунӣ азият намекунад.”
Метавонед бигӯед: “Чи қадар бо ҳаяҷон бозӣ мекунӣ! Мебинам, ки аз тамоми асбоббозиҳоят истифода кардаӣ. Хеле ҷолиб аст, ки ту метавонӣ ба бозиҳое фикр кунӣ, ки ҳама чизро дар он вуҷуд дорад, вале барои ҷамъ кардани онҳо ба заҳмат меафтӣ. Метавонӣ бозиҳоятро дастабандӣ кунӣ ва ҳар бор яке аз онҳоро анҷом бидиҳӣ. Ин таври ҳар рӯз як бозии нав дорӣ ва асбоббозиҳоят камтар хароб мешаванд, ҳуҷраат ҳам зудтар мураттаб мешавад.”
Ба ӯ биёмӯзед, ки ба ҷои таваҷҷӯҳ ба доштаҳои хоҳар ва бародар ба доштаҳои худ таваҷҷӯҳ кунад ва қадри онҳоро бидонад. Масалан агар ӯ ба либоси наве, ки барои бародараш харидаед ҳасудӣ мекунад либоси нав мехоҳад. Ба ҷои ин ки ӯро сарзаниш кунед аз ӯ бипурсед, ки либоси навро барои чи коре ниёз дорад? Оё либосе, ки дорад ниёзи ӯро бартараф намекунад?
Агар яке аз фарзандонатонро дар заминае таҳсин мекунед ҳатман тавонмандиҳо ва барҷастагиҳои дигариро низ баён кунед.
То метавонед аз тавсияҳои каломӣ парҳез кунед. Барои шинохти бештар ва ислоҳи рафторҳояш бояд бо ӯ бештар бозӣ кунед то ҳам битавонед бар рӯи кӯдак таъсир бигузоред ва ҳам рафторҳои худатонро дуруст кунед.
Таҳияи Шаҳриёр
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст