Please update your Flash Player to view content.

Ҳузури шайтон
Ҳазрати Мӯсо ибни Имрон (а) мефармояд: «Шайтон ба сурати инсон омад ва гуфт: Мӯсо, ман агар бихоҳам ҷомеаеро ноамн кунам, дар он ҷомеа тӯҳматро зиёд мекунам ва барои ин ки бихоҳам тӯҳматро дар ҷомеа зиёд кунам, заминаи ғайбатро фароҳам мекунам.
Нишонаи фосиқ
Ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) фармуд:وَ أَمَّا عَلامَةُ الفَاسِقِ فَأَربَعَةٌ: اَللَّهوُ وَ اللَّغوُ وَ العُدوَانُ وَ البُهتَانُ.
Нишонаи фосиқ чорто аст: Саргармии беҳадаф, беҳӯдагӣ, таҷовуз ба ҳуқуқи дигарон ва бӯҳтон задани дигарон. Биҳор, ҷ.1, саҳ.120
Бузургтарин бешармӣ
Ҳазрати Алӣ (а) фармуд: لا قحَةَ كَالبُهتِ Ҳеҷ бешармӣ мисли буҳтон задан нест! Ғурарулҳикам, ҳадиси 4438
Имрӯз мутаассифона дар ҷомеаи Тоҷикистон тӯҳмат задан ва бадном кардани дигарон роиҷ шудааст. Рӯзе нест, ки ин кор аз тариқи фазои расонаӣ ва матбуотӣ пахш нашавад. Бор кардани ҳамаи айбу камбудиҳо ва муттаҳам кардани дигарон ба ҷурму ҷиноят расм ва дарди бедармон шудааст. Ба ҷои ин ки ба фикри ваҳдат, созиш ва ҳамдигарфаҳмӣ бошем дуруст зидди ин амалӣ мегардад. Умедворем ақли солим ҳоким шавад ва фазои сулҳу сафо ва меҳру вафо ҷои туҳмату буҳтон ва ҷавру ҷафоро бигирад ва беш аз ин миллати мусулмону мазлуми тоҷик тӯҳмат ва бӯҳтон набинад.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти