Please update your Flash Player to view content.

ГУЛИ ЗАРД: МО ҒАЙР АЗ РӮМОЛИ ЗАНОН КОРИ ДИГАР НАДОРЕМ?
Бо изтироб ва андӯҳ бонг мезанам: аз руймоли сари мо,занонро кашидану роҳи кор нишон додана ба сару либос ва рафтору кирдори ҷавонписарон аҳмият диҳед.
Китоби АЛИФБОРО мутолиа намоед, бубинед, ки чӣ қадар хатоҳо дорад!
Мактабҳоро таҳти назорат гиред, хулоса кор кардани бошед, ҳазор масъалаи ҷиддӣ вуҷуд дорад ва ҳалли ниҳоии онҳо ба ақлу заковат ва ҳушёрии сиёсии мову Шумоён вобастагӣ дорад.
АЗ МОДАРОНРО ХОР КАРДАНА ҒАМИ ДИГАРРО БИХӮРЕМ БЕҲТАР!
Мо занҳои тоҷик ҳар кадом насиҳатгаре дорем.
Сарамон соҳибе дорад. Агар шавҳар набинаду эрод нагирад, ака ё додар, писар ва ё хоҳарамон зуди ба зуд ҷилавгирӣ мекунад. Рафтору гуфторамон ҳамеша таҳти назорати волидайну наздикон қарор дорад.
Ба фикри камина, мо занҳо, ҳар қадар Худотарсу Худогуву Худоҷӯ бошем, беҳтар аст. Аз дискотекаву тарабхонаҳо рафтана, болои ҷойнамоз нишаста барои худ, фарзандонамон ва наздикон таваллову зорӣ карданамон хубтар нест, магар?
Ба ҷои ғайбат, Худо гӯем, барои тинҷиву амонӣ ва ободиву гулгулшукуфоии Ватан саҷда ба даргоҳи Илоҳӣ оварем. Даст ба гиребон бурда тавалло кунем, то аз васвосаи шайтон ва марги нобаҳангому туҳмати рӯи рост дар амон бошем, магар беҳтар нест?
Ман ҳамин Қонун дар бораи "Расму оин ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" - ро 17 бор мутолиа кардаам. Номи Қонун низ чанд бор дигар шуд. Бандҳояш ҳам камтар, муфассал гашт. Вақте дар Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доштам, ЛОИҲАИ ҚОНУНИ мазкурро на кам аз 17 бор таҳрир кардем. Байни мардум рафта пурсиш гузаронда боз илова ва тағйирот медаровардем. Пешниҳоди ҳар шаҳрвандро ба инобат мегирифтем. Вале дар ягон ҷои он оиди сару либоси махсус пушидани занон банде ё зербанде наомада буд. Ӯ тирмизаке, ки аз пеши худ, мардуми бесаводро гаранг мекунад, рӯзе дар назди ҚОНУН ҷавоб медиҳад.
Ҳар кадом тоҷики баномус бояд лоақал 3 ҚОНУНРО азёд донад ва аҳли аёлашро омӯзонад, ки бо дониш ба "киляки" чалласавод бизинад. Ку он гоҳ як нафар аз ақлакҳои навкиса гирди хонаи мо гарданду бубинанд. Бесаводии Шумо, занону хоҳаронатонро истифода мебаранд, ҳой мардум наход то имрӯз инро нафаҳмида бошед?
70 сари сол УРУС бар зидди руймоли сари тоҷикзанон мубориза бурд. Аввал бо ҳар роҳу баҳона фаранҷиро нест кард ва иҷоза ба руймол дод, баъдан коре кард, то мо ҳама побараҳнаву сарлуч бошем. Аммо МОДАРОНИ мо, то тавон доштанашон руймоли сарашонро дифо мекарданд.
Кадом ҷавонмарди боақл МОДАР ё хоҳарашро сарлучу "турсикбабар" ва муйҳояш ҷурз (начёс) кардагӣ пеши бараш то ноф кушода тасаввур карда метавонад?
Пас чаро баъзе аз ҷоҳилин хоҳарони моро ба чунин рӯзгордорӣ ё либоспӯшӣ даъват мекунанд?
Дар ягон ҚОНУНИ Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин наомадааст: занони тоҷик бояд сарлуч ё рӯймоли андозаи 6Х3 ро бо ранги кабуд ва ё лоҷувардӣ бар сар карда бигарданд.
Ҳато душмани миллат ин қадар бадиро дар ҳақи занҳои тоҷик раво надидааст. Дар куҷои қонун ё дар кадом банди он гуфта шудааст, ки мо сарлучу побараҳна бояд ба кор равем ё худро маймунбашара сохта аз дар берун шавем? Конститутсия - Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро бояд хонанд. Он ҷо гуфта шудааст, ки: ҳар шаҳрванди Тоҷикистон ҳуқуқи интихоб, озодӣ ва бо салоҳдиди хеш, дар доираи қонунҳои амалкунандаи ҶТ зистанро дорад.
Аз ин беҳтар мебуд, агар ғами дигарро мехӯрданд: МАРДҲОИ МО БОВУСЪАТ ДАЪЮС шуда истодаанд! Агар ҳамин тавр рафтан бигирад, то охири аср мардони асил бо тухми анқо баробар мешаванд. Наход ин масоил шуморо ба ташвиш наоварад? Проблема аз мӯи сар беш аст ва расидан ба иззати нафси одамон кори оқилон нест. Маҷбурам овоз рӯшан кунам, чун Худованд истеъдодам додааст ва сад задани сузангару 1 задани оҳангар гуфтаанд. Ана фикри ман дар ин бора: -
Гумон мекунам, ҳар кӣ даст ба руймоли сари зани тоҷик дароз мекунад баробари кӯдаки 5 сола ақл надорад.
Рӯзе бо чашми худ дидам: бачаи 5 солае руймоли сари МОДАРАШРО, ки ба пушти сар хамида буд, боэҳтиром пеш кашид. Ӯ бачача намехост фарқи сари МОДАР луч бошаду номаҳраме онро бубинад.
Дар кӯчаҳои шаҳр қадам занед! Бубинед, ки сафи кадом ҷавонон меафзояд? Ман зан бошам ҳам, шармам меояд. Ба номи Худованд айб аст, барои мусулмонон вуболу ҳаром аст.
Ё Тоҷикистони азизи маро чунин дидан мехоҳед: пур аз занҳои сарлучу бурукпуш ва саросар ҷуфти мардони атласпуш?
Андеша бояд кард. Беҳтараш дар пайи ободии Ватан бошем ва барои дифои нангу номус корҳои арзандаро анҷом диҳем.
Шояд нафаре бигӯяд: ана Гули Зард кор надорад, ки боз 1 проблемаро бардошт. Не, ин тавр нест. Ман кайҳост дар ин бора менависам, лекин ҳеҷ кас эътибор намедиҳад. Ин маротиба бо изтироб ва андӯҳ бонг мезанам: аз руймоли сари мо, занонро кашидану роҳи кор нишон додана ба сару либос ва рафтору кирдори ҷавонписарон аҳмият диҳед.
Китоби АЛИФБОРО мутолиа намоед, бубинед, ки чӣ қадар хатоҳо дорад!
Мактабҳоро таҳти назорат гиред, хулоса кор кардани бошед, ҳазор масала (проблема) - и ҷиддӣ вуҷуд дорад ва ҳалли ниҳоии онҳо ба ақлу заковат ва ҳушёрбошии сиёсии мову Шумоён вобастагӣ дорад.
Ман намехоҳам даъюсе ба иззати нафси ЗАН - МОДАР бирасад! Ӯ бояд ёд дошта бошад, ки агар ҳамин зан намебуд, худаш арзи ҳастӣ намедошт. Ва бо ҳар роҳе набошад, занонро паст задану дар сари роҳ ва дар бозору коргоҳ думболгирӣ кардан хуб нест.
Беҳтараш ба он диққат бидиҳед, ки чаро кӯдакон гум мешаванду аз онҳо пайе пайдо нест? Кӣ онҳоро дуздида ба куҷо мебарад?
ХУЛОСА МЕТАВОНАМ АМСОЛИ ПИРАЗАНЕ СОАТҲО БА ШУМОЁНИ АЗИЗ, ФАРЗАНДОНИ МИЛЛАТАМ, БОЭТИРОМ РОҲИ КОР НИШОН ДИҲАМ, ВАЛЕ ЧӢ СУД?
БА ДОНО 1 ИШОРА КОФИСТ...
Дигар таваккул бар Худо кардам,
Илоҳо пуштибон бошад гӯён Худоҳофизӣ мекунам.
Бо Шумо будам Гули Зард - Зардова Гули Давлаталиевна.
Ахбор

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти