Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Салому дуруди Худои меҳрубон, бар шумо бод, бародару хоҳари гиромӣ, меҳмонони хуби моҳи Худо, рӯзадорони азиз!
Бо сипоси бениҳоят барои Худои Субҳон, ки тавфиқ дод бори дигар бар сари дастархони меҳмонии беназир ва осмониву меҳрубонии ӯ бинишинем. Моҳи шарифи Рамазон моҳи нузулу баҳори Қуръону сарсабзии имон ва саросар раҳмату мағфирату озодӣ аз оташи сӯзони ҷаҳаннам ва чандин баробар шудани кори хайру қабулии дуову амал ва шаби қадр, ки аз ҳазор моҳ бартар аст бо рӯзадорӣ ва таҳаммули сахтиҳои гуруснагӣ, ташнагӣ ва гармо, амир шудани ақлу имон бар нафсу шаҳват ва хостаҳои ҳайвонӣ, моҳи баста шудани дарҳои дӯзах ва дасти шайтонҳо ва боз шудани дарҳои биҳишту раҳмат паси сар шуд.
Фаро расидани иди саъиди Фитрро бар ҳамаи шумо ва мусулмонони ҷаҳон табрик ва таҳният мегӯем ва аз Худои меҳрубон мехоҳем, ки ибодатҳову итоатҳои моро дар ин моҳи шариф қабул кунад ва то соли баъд моро амири нафсу шаҳват кунад ва аз шарри шайтонҳои инсу ҷин дар паноҳи худаш нигаҳ дорад.
Баъзе даъвати мизбони меҳрубонро напазируфтанду худро аз ин ҳама неъмат маҳрум карданд ва имрӯз пушаймону нороҳатанд.
Баъзе дар меҳмонӣ одоби хубу шоистаи меҳмон ва гиромидошти мақоми мизбонро риоят ва адо накарданду хиҷолатзадаанд.
Баъзе фақат ба суфраи паҳншуда аҳамият доданду аз ташаккуру қадрдонии мизбон ва гуфтугӯ бо ӯ ғофил шуданду баъд аз тамом шудани фурсат фаҳмиданд ва эҳсоси камбуд доранд.
Баъзе бо омодагӣ ва риояти одоби меҳмонӣ дар ин меҳмонӣ ҳозир шуданд ва фурсатҳоро ғанимат дониста ҳам аз неъматҳои маънавии ин меҳмонии беназир ва ҳам аз розу ниёз ва робитаи шоиста бо мизбони меҳрубон баҳра бурданду ба фитрати худ наздик шуданд ва ба маъшуқи худ расиданд.
...
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст