Please update your Flash Player to view content.
Дастурҳои ахлоқии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба ҳокимон ва подшоҳон бахши зиёде аз навиштаҳои сиёсии ӯро дар бар гирифтааст. Дар дидгоҳи ишон сиёсат бе ахлоқу диёнат дастмояи шайтон ва ҳавои нафс аст, аз ин рӯ дар ҳар фурсате ҳокимро ба амри муҳими худсозӣ ва ахлоқ супориш мекунад.
Ишон мӯътақид аст, ки ҳокимро Худо баргузида ба ӯ ихтиёроти фаровон бахшида аст, то ба иҷрои аҳкоми илоҳӣ ва умури бандагон бипардозад ва дар ин роҳ низ “мизони мустақими ақл ва шаръро, ки бар забони паёмбарону олимон баён шудааст”−ро ба кор гирад.
Аз назари Ҳамадонӣ ахлоқ ва дин ду сабаби асосии салоҳияти ҳоким барои ҳукуматанд ва дағдағаи муҳими фикрии ӯ низ он аст, ки бо суст шудани ин ду, ҳукумат аз ҳадафи аслии худ бероҳа хоҳад шуд, ба ҳамин ҷиҳат дар навиштаҳои худ борҳо ҳокимро ба андеша дар хатари вазифаи ҳукумат ва нопойдории неъмати дунё ва азоби охират даъват карда ёдовар мешавад: “Дунё руботе (пул) аст, ки бар сари бодияи қиёмат ниҳодаанд ва туро дар ин рубот баъд аз камоли маншаъ, рӯзе чанд мӯҳлат дода, то аз ин рубот зод (тӯша)−и роҳи бодияи қиёмат бардорӣ.”
Дар канори ин масоил, Ҳамадонӣ подшоҳро ба анҷом додани аъмоле низ фаро мехонад, ки ҳолоти болоро дар ӯ тақвият мекунад; аз ҷумла шунидани насиҳати солеҳон ва нишасту бархост бо фуқаро ва хӯрдану пӯшидан дар ҳадди заифтарин афроди ҷомеа, то сармашқе барои тавонгарони ҷомеа бошад ва андӯҳи муҳтоҷону заифонро бартараф созад.
Ҳамадонӣ тавсияҳои фаровоне низ ба ҳоким дар мавриди риояти ҳуқуқи мардум баён карда ба ӯ гӯшзад мекунад, ки ҳар эҳсоне, ки аз дасту забони ӯ ба бандагони Худо мерасад ганҷе аз ганҷҳои охират аст, ки завол надорад.
Ӯ ҳамчунин ҳокимро супориш мекунад, ки амалаш беш аз суханаш бар мардум асар хоҳад гузошт. Пас барои беҳбуди вазъияти онон, бояд худ дар анҷоми воҷибот пешрав бошад, то онҳо низ ба ӯ иқтидо кунанд.
Ишон мудоро бо маҳрумону заифонро ба ҳоким тавсия карда мегӯяд: “Агар дар вилояти ту як нафар ҳам гурусна ё бараҳна бошад ё ситам ба ӯ расад ва ту аз ҳоли ӯ бехабар ва барои беҳбуди ӯ чорагар набошӣ аз маротиби аҳли тақво насибе набарӣ.”
Ҳамадонӣ бар ҳоким фарз медонад, ки барои баҳраҳои шахсияш дар умури мусулмонон ва мурдуми омма бозпурсӣ накунад ва ҳамон гуна ки дар ҳарами худ умеди покдоманӣ ва салоҳ дорад, дар ҳарамҳои ҳамаи мусулмонон ҳамин интизорро дошта бояд коре кунад, ки дар қаламрави ҳукуматаш касе ҷуръати хиёнат ва назари бад надошта бошад.
Ӯ ҳамчунин ба подшоҳ равишҳоеро меомӯзад, ки аз тариқи он метавонад номи хешро дар дафтари некон ба сабт бирасонад: Ин неъмати некӣ туро вақте даст диҳад, ки пирони раъият (халқ)−ро монанди фарзанд азиз бошӣ, ҷавононро бародар намоӣ, мазлумонро носир ва золимонро қотеъ бошӣ, фоҷиронро фозеҳ (расвокунанда) шавӣ, тоибонро носеҳ ва мутеонро муин (ёвар), дар қавл содиқ, дар аҳд восиқ, бар насиҳат шокир ва бар меҳнат собир, дар амал мухлис, вале мутавозеъу фурӯтан, дар ҷавонӣ порсо ва худошинос бошӣ.
Захиратулмулук, саҳ 246.
Матни мактуботи Мир Сайид Алӣ Ҳамадонӣ, саҳ 48 ва 50

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти