Please update your Flash Player to view content.
Мард мудири хона аст ва зан ҳамдаму ҳамрози ӯст. Ҳар ду бояд бидонанд, ки ҳақ ва вазифа доранд ва дар сурате хонаводаи хушбахт хоҳанд дошт, ки ҳуқуқи якдигар ва вазифаи худро хуб бишиносанд ва хуб амал кунанд. Худои Субҳон дар ояти 228 сураи Бақара мефармояд:
وَلَهُنَّ مِثْلُ الَّذِى عَلَيْهِنَّ بِالْمَعْروفِ وَلِلرِّجَالِ عَلَيْهِنَّ دَرَجَةٌ وَاللَّهُ عَزِيزٌ حَكِيمٌ‏
Ва мисли вазифаҳое, ки занон бар ӯҳда доранд, ҳуқуқи шоиста барои онҳо аст ва барои мардон нисбат ба занон мартаба ва бартарӣ аст. Ва Худованд шикастнопазири ҳаким аст.
Агар мард бо роҳу равиши хушбахтӣ ва рамзҳои он ошно бошад метавонад ҳамсараш ва дар натиҷа худро хушбахт кунад.
Дар ин навишта ба яке аз вазифаи мард нисбат ба занаш ишора мекунем.
Меҳру муҳаббат ва эҳтиром ба зан
Зан маркази меҳру муҳаббат аст ва беҳтарин калиди ҳамсардориро муҳаббат медонад.
Зан саодати худро дар зиндагӣ меҳру муҳаббати шавҳар медонад.
Муҳаббат боиси мустаҳкам шудани робитаи заношӯӣ мешавад ва рафтори шавҳар дар зиёд шудани меҳру муҳаббат аз тарафи ҳамсар бисёр муҳим аст, чунки зан ташнаи муҳаббат аст.
Шавҳари муҳтарам!
Агар мехоҳӣ, ки
зиндагии ширинтаре дошта бошӣ,
ва шарику мунис ва ёри ту ба зиндагӣ дилгарм бошад,
ва аз зиндагӣ дар канори ту лаззат барад ва хурсанд бошад,
ва зиндагии осудае дошта бошӣ,
ва ҳамсарат туро дӯст бидорад,
пас ба равиши Паёмбари Аъзам(с) амал кун ва ба ҳамсарат муҳаббат кун.
Расули Худо(с) мефармояд: Ҳар чи имон (-и) мард комилтар бошад бештар ба ҳамсараш изҳори муҳаббат мекунад. (Биҳор, ҷ.103, саҳ.228)
Ва низ фармуд: Яке аз ахлоқи Паёмбарон(а) муҳаббат ба ҳамсарони худ будааст. (Биҳор)
Имом Содиқ(а) фармуд: Дӯст доштани ҳамсар аз ахлоқи Паёмбарон(а) аст. (Васоил)
Паёмбари Аъзам(с) пас аз намози субҳ ба назди ҳамаи ҳамсаронаш мерафт (ва ҳоли онҳоро мепурсид).
Аз он ҳазрат нақл шудааст, ки фармуд: Беҳтарини шумо касе аст, ки бо аҳлаш беҳтарин рафторро дошта бошад ва ман нисбат ба аҳлам беҳтарини шумо ҳастам.
Бунёди хонавода бар асоси меҳру муҳаббат аст. (Сураи Рум, ояти 21)
Мард бояд талош кунад, ки муҳити оиларо аз сафо ва самимият пур карда аз эҷоди бемеҳрӣ пешгирӣ кунад.
Мардҳо бояд бидонед, ки муҳаббати қалбӣ кофӣ нест. Ҳатман муҳаббати худро ба забон биёред ва ба ҳамсари худ бигӯед: Азизам, дӯстат дорам!
Расули Худо(с) фармуд: Хидмати беминнат ба ҳамсар каффораи гуноҳон аст ва хашми Худовандро хомӯш мекунад.
Имом Содиқ(а) фармуд: Касе, ки барои худ ҳамсаре интихоб кард, бояд ба ӯ эҳтиром бигузорад. (Биҳор)
Ва ҳамчунин фармуд: Касе, ки ба хонаводааш, некӣ кунад Худованд умрашро зиёд мекунад.
Шавҳари азиз, меҳрварзӣ ва меҳрубонӣ кори дил аст, ки дар кирдор ва рафтору гуфтори шумо намоён мешавад. Гоҳе бо лабханду ишора ва гоҳ бо гиря ё сухани муҳаббатомез ё кӯмаки моддӣ ва маънавӣ худро нишон медиҳад.
Ҳазрати Алӣ(к) мефармояд: Эй Навф, меҳрубонӣ кун то меҳрубонӣ бинӣ.
Ҳамчунин ҳазрат(к) нақл мекунад, ки Паёмбари Аъзам(с) фармуд: Худованд бузургу меҳрубон аст ва ҳар меҳрубонеро дӯст дорад.
Имом Зайнулобидин(а) дар бораи меҳрубонӣ ба ҳамсар мефармояд: Ҳаққи зан он аст, ки бидонӣ, ки Худои Мутаол ӯро сабаби оромиш ва унси ту гардонда ва низ бидонӣ, ки зан неъмате аз ҷониби Худо барои шумо аст. Пас эҳтиромаш кун ва бо ӯ мудоро ва муросо намо. Ҳарчанд ҳаққи ту (шавҳар) бар зан болотар ва бештар аст, вале ҳаққи зан он аст, ки нисбат ба вай меҳрубон ва ғамхор бошӣ. (Рисолаи ҳуқуқи имом Зайнулобидин (а))
Хушбахт касест, ки хидмати ёр кунад.
Ҳар ҷо ки қадам ниҳод гулзор кунад.
Зангулаи гаҳвораву гиряи тифл,
Ҳар субҳ варо зи хоб бедор кунад.
Агар мехоҳед хушбахт бошед ва ҳамсаратон ба вазифааш амал кунад худатон пеш ва беш аз ӯ ба вазифаи худ амал ва ба ӯ муҳаббат кунед.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти