Ҳазрати Хадиҷаи Кубро (р) модари мӯъминон ва аввалин ва маҳбубтарин ҳамсари Расули Худо (с) дар даҳуми моҳи Рамазони соли даҳуми беъсат баъд аз 25 сол зиндагӣ бо ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) дар синни 65 солагӣ чашм аз дунё пӯшид!
Ҳазрати Оиша (р) мегӯяд:
ما غرت للنبی علی امرأة من نسائه ما غرت علی خدیجة لکثرة ذکره إیاها و ما رأیتها قط
Ба ҳеҷ як аз ҳамсарони Паёмбар ба андозаи Хадиҷа ҳасудӣ накардам, чунки Паёмбар ӯро зиёд ёд мекард ва ман ҳаргиз ӯро надидам.
Саҳеҳ Муслим, боби фазоили Хадиҷа уммилмӯъминин разияллоҳу анҳо, ҳадиси 76 байни 2435-2436
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст