Please update your Flash Player to view content.

Боз барои дилҳои ташна ва чашмони мунтазир ва дастҳои омода барои дарёфти раҳмату мағфирати Илоҳӣ замони муносиб фаро расид. Замоне ки замзамаи тиловати дилнишини Қуръон, муноҷоту дуо, розу ниёз ва шабзиндадориро ба армуғон меоварад ва фазоро муаттару нуронӣ аз лутфу раҳмату мағфирати маъбуд мекунад.
Моҳи меҳмонии Худо, Рамазони муборак! Сӣ рӯз баҳонае аст барои ҳузур бар сари суфраи дӯст ва баҳрамандӣ аз пазироии беминнат ва ба даст овардани ризояташ.
Моҳи нузули фариштагони Илоҳӣ ва эҷоди фазои амн барои меҳмонони даргоҳи Ҳақ.
Моҳи нузулу баҳори Қуръон ва фасли шукуфтани бандагон.
Моҳе, ки шаби қадраш каъбаи умеди ташнагони раҳмати ӯст ва аз ҳазор моҳ беҳтару бартар, балки саросар моҳи қадр аст агар қадри ҳар лаҳзаашро бидонем.
Моҳи дуову ниёиш ва эътироф ба бузургиву азамати маъшуқ ва заъфу нотавонии худ.
Моҳи итоату бандагӣ ва худсозию бовар кардан ба ин, ки метавон бар хостаҳои шаҳвониву нафсонӣ ва нерӯҳои шайтонӣ ғалаба кард. Тақвияти эҳсоси худбоварӣ ва дарки ин нукта, ки дар зиндагӣ ҳама ҷо барои ризояти маъшуқ бояд аз хостаҳои нафсонӣ ва шайтонӣ гузашт.
Моҳи баста шудани дарҳои ҷаҳаннам ва боз шудани дарҳои биҳишти барин.
Моҳи баста шудани дасти шаётин ва пайравонаш ва дарки ин нукта, ки ғайри ҳақро бояд зиндон кард то фурсати зоҳир шудани ҳақ фароҳам шавад.
Моҳи тақдири сарнавишти як-солаи бандагон дар шаби нузули Қуръони Карим ва диққат ба ин ки эй насли Одам роҳи расидан ба саодат пайравӣ аз Қуръони Карим аст ва ту бояд сарнавишти худро бо ин китоби осмонӣ танзим кунӣ.
Моҳи худдорӣ.
Худдории шикам аз хӯрдану нӯшидан.
Худдории чашм аз нигоҳҳои ҳаром ва шаҳвонӣ ба номуси мардум.
Худдории забон аз дурӯғ, ғайбат, тӯҳмат, носазо, беҳудагӯӣ ва ...
Худдории гӯш аз шунидани ҳарфҳои ҳаром ва нораво.
Худдории дасту по аз поймол кардани ҳуқуқи дигарон. Ёрӣ расондан ба дигарон ва анҷом додани корҳои хайр.
Худдории дилу зеҳн аз машғул шудан ба ғайри маъшуқ.
Рамазон сабаб мешавад, ки дили мӯъмин дар баҳри бандагиву итоати ҳақ шустушӯ гардад ва фикрҳо машғули ёди ӯ шавад. Нафс ба воситаи тақво ром шавад ва бадан бо парҳез аз хӯрдану нӯшидан, фурсати рушд пайдо кунад. Эҳсоси гуруснагию фақрро таҷриба кунад ва бо дасту по, балки тамоми тавон барои кӯмак ба ниёзмандон ва таҳияи тӯша барои сарои қиёмат, ки касеро тавони таҳаммули гирифториҳои он нест, ба по хезад.
Рамазон фурсати беназир барои худсозӣ, худшиносӣ ва Худошиносӣ аст.
Пас биёед бо ҳам барои расидан ба ифтихори бандагӣ, талош намуда ҳамдигарро кӯмак намоем. Барои хушоқибат шудан дуо кунем. Барои рафтагон омурзиш ва барои бозмондагон тавфиқи итоати Ҳақ бихоҳем.
Ба гунае аз баракоти ин моҳ баҳраманд шавем, ки то Рамазони дигар руҳияи итоату бандагӣ ва нуронияту покиро аз даст надиҳем ва рӯзи ид воқеан бароямон ид бошад. Агар кӯтоҳӣ кардаем, узрхоҳӣ кунем. Ба аҷзу нотавонии худ эътироф намуда аз саркашиву худхоҳӣ худдорӣ намоем. Барои ҷуброни хатоҳои худ аз Худо кӯмак бихоҳем. Тавфиқи дарки Рамазони дигарро аз Худо бихоҳем.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти