Please update your Flash Player to view content.

Ҷамъе аз асҳоб дар ҳузури Расули Худо (с) буданд. Ҳазрат фармуд: Мехоҳед танбалтарин, дуздтарин, бахилтарин, золимтарин ва оҷизтарин мардумро ба шумо нишон диҳам?
Асҳоб гуфтанд: Бале, эй Расули Худо!
Ҳазрат фармуд:
✅Танбалтарин мардум касе аст, ки аз сиҳҳату саломат бархурдор аст, вале дар вақтҳои бекорӣ бо лаб ва забонаш зикри Худо намегӯяд.
✅Дуздтарин инсон касе аст, ки аз намозаш кам мекунад (комил ва бо риояти шароит ва ором намехонад), чунин намозе мисли либоси кӯҳнаи дар ҳам печида ба сураташ зада мешавад.
✅Бахилтарин одам касе аст, ки аз назди мусулмоне гузар мекунад, вале ба ӯ салом намедиҳад.
✅Золимтарин мардум касе аст, ки номи ман дар назди ӯ бурда мешавад, вале бар ман салавот намефиристад.
✅Оҷизтарин инсон касе аст, ки аз дуо дармонда бошад (ва дуо намекунад.)
Достонҳои Биҳор

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти