Please update your Flash Player to view content.
Паёмбари Аъзам ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) фармуд:
من ستر أخاه المسلم ستره الله یوم القیامة
Ҳар кас айби бародари мусулмонашро дар дунё бипӯшонад, Худованд дар рӯзи қиёмат айбашро мепӯшонад!
Наҳҷулфасоҳа, саҳ. 616
Оё мо, ки иддаои мусулмонӣ ва пайравӣ аз суннати Расули Худо (с) дорем ингуна ҳастем? Чӣ қадар дигарон аз дасти мо хотири ором ва осуда доранд? Имрӯз мутаассифона ба далели фарогир, сареъ ва осон шудани робита ва иттилоърасонӣ мушкили фош кардани айбҳои дигарон бо қасду ғараз ё барои саргармӣ осори зиёнбори фаровон бар ҷой мегузорад, ки шояд дигар аслан қобили ҷуброн набошад ва бо умри инсонҳо сару кор дорад. Ҳамонгуна ки мо дӯст дорем обрӯ дошта бошем дигар мусулмонон ҳам мехоҳанд. Пас ҳар кас худаш бо Худои пӯшонандаи айбҳо аҳд бандад, то бо айбпӯшӣ дар дунё ба ҳадяи Худо дар рӯзи қиёмат бирасад ва дар дунё ва охират обрӯяшро ҳифз кунад.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти