Муқадима

          Инсони асри имрӯз бо касби дониш ва маҳорат дар олами табиат ба пешрафтҳои илмии чашмгире даст ёфтааст, аммо аз тасаллут бар хештан, контроли хостаҳои дарунӣ, кашф ва ба коргирии тавоноиҳои азими руҳӣ ва маънавии худ бозмондааст.

 Ҷомеаи тавсеаёфтаи рӯз ниёзманди он аст, ки бо нури маънавияту ахлоқ фурӯғе бигирад ва худро аз зулматкадаи гумроҳӣ бираҳонад. Ҷомеаҳои исломӣ низ ба эҳёи арзишҳои волои динӣ ва бозгашт ба усули ахлоқӣ сахт ниёзманданд.

 Ахлоқи исломӣ сармояи гаронбаҳо ва ҷовидонаи зиндагии дунё ва охират аст ва барои шукуфоии ниҳоли ахлоқӣ ва рушди базри фазоили инсонӣ аз сира ва дастуруламали намунаҳои ҷомеъ ва комил бояд пайравӣ кард.

Паёмбари Аъзам(с) аввалин шахсияти маънавӣ ва ахлоқии ҷаҳони ҳастӣ мебошад, ки мадориҷ ва мароҳили олии инсониятро паймуда ва беҳтарин сармашқ ва намунаи некӯ барои касби малакоти фозилаи нафсонӣ мебошад.

Адабварзӣ ва хушахлоқии Расули Худо (с)

          Пайғамбари Худо (с) ҳамагонро пайваста ба хушахлоқӣ тавсия мекард ва мефармуд: “Наздиктарин ҳамнишини ман дар рӯзи қиёмат хушахлоқтарини шумост ва дар тарозуи амали касе дар рӯзи Қиёмат, чизе беҳтар аз хушхулқӣ ниҳода намешвад”.

          Он ҳазрат ҷуз ба хотири Офаридгор хашмгин намешуд ва вақте барои Худо хашмгин мешуд, ҳеҷ чиз дар баробари хашми вай истода наметавонист. Мефармуд: “Бидонед, беҳтарини мардум касе аст, ки дер ба хашм ояд ва осон хушнуд шавад ва бадтарин инсонҳо касе аст, ки зуд ба хашм ояд ва дер хушнуд шавад”.

          Анас ибни Молик мегӯяд: “Даҳ сол хидмати Расули Худоро кардам, маро боре ҳам дашном надода ва назадааст ва на аз назди худ ронда ва на ба рӯям турш нигоҳ кардааст. Вақте дар коре, ки дастур медод, сустӣ мекардам, ҳатто маро сарзаниш ҳам  намекард”.

          Аз ҳама хушчеҳратар буд, ёронаш мегӯфтанд: “Ҳеҷ касро надидем, ки беш аз Расули Худо(с) бар лабонаш табасум бошад. Вақте ҳолати нозилшавии Қуръон ё  мавъиза намебуд, аҳли ҳазлу шухӣ буд. Хандаҳояш аз ҳадди табассум фаротар намерафт ва баланд намехандид”.

          Вақте бо касе мусофаҳа мекард, дасташро барнамедошт, то ин ки он шахс дасташро бармедошт ва ҳаргиз сухани касеро қатъ намекард, магар ин ки ботил бошад. Сукуташ ба дарозо мекашид ва бидуни зарурат лаб ба сухан намекушод.

          Чунон шарм дошт, ки ба чеҳраи касе густохона наменигарист. Шарми он ҳазрат (с) чунон буд, ки агар касеро интиқод кардан ногузир мешуд, ба сароҳат намегуфт ва мақсуди хешро бо киноя баён менамуд.

          Дар хӯроку пӯшок, худро бартар аз ғуломон ва ходимонаш қарор намедод. Ҳаргиз ба касе дашном намедод ва бо касе ба дуруштӣ ва тундхӯӣ ҳарф намезад.

Хушрафторӣ бо хонавода

          Бо хонавода меҳрубон   буд. Анас мегуфт: “Касе бо зану фарзандаш меҳрубонтар аз Расули Худо (с) набуд. Ӯ бар хилофи хулқу хӯи аҳли Макка нисбат ба ҳамсарони худ, ҳеҷ гуна хушунате намекард”.

Ба ҳусни муошират бо занон тавсия мекард ва мегуфт: “Ҳамаи мардум дорои хислатҳои неку  бад ҳастанд. Мард набояд танҳо ҷанбаҳои нописанди ҳамсари хешро дар назар бигирад ва ӯро тарк кунад, зеро вақте аз як хислати ӯ нороҳат шавад, хислати дигараш мояи хушнудии ӯст ва ин дуро бояд бо ҳам ба назар гирифт”.

          Дар корҳои хона, ба хонавода кӯмак мекард. Бо фарзандон ва наберагони худ, меҳрубон буд ва ба онҳо муҳаббат дошт. Онҳоро рӯи домани хеш менишонд ва бар души худ савор мекард. Онҳоро мебӯсид ва инҳо ҳама бар хилофи хулқу хӯи роиҷи он замон буд. Вақте субҳ мешуд сари фарзандон ва наберагонашро сила мекард.

          Рӯзе дар ҳузури яке аз ашроф, бӯса бар рӯи яке аз наберагонаш зад. Он мард гуфт: “Ман ду писар дорам ва то ба ҳол ҳеҷ кадом аз онҳоро набӯсидаам. Паёмбар (с) фармуд: “Касе, ки меҳрубонӣ накунад, раҳмати Худо шомили ҳолаш намешавад”.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст