Please update your Flash Player to view content.

Достони гуфтугӯи кудак бо Худо

Кудаки омодаи тавалудшудан буд, назди Худо рафт ва аз у пурсид;

Худоё! мегуянд шумо маро фардо ба замин мефиристи, аммо ман баин хурди ва бе ҳеч кумаки наметавонам ончо барои зиндаги кардан биравам?

Худованд посух додо: ман аз миёни фафиштагон якиашро барои ту дар назар гирифтам, ки ончо аз ту нигаҳдори мекунад. аммо кудак хануз итминон надошт, ки биравад ё не ва гуфт:

Худоё! ман инҷо дар бихишт ҳеч коре ҷуз ханда ва овозхони ва шоди надорам ва ин барои шодии ман кифоят мекунад.

Худованд лабханд зад ва фармуд: фаришаи ту бароят овоз мехонад ва бар ту лабханд мезанад ва ту ишқи уро ба худат эҳсос мекуни ва хамеша шод мешави. Кудак идома дод, Худоё! ман читавр мефаҳмам, ки мардум чи мегуяд дарҳоле

ки забони онҳоро намефаҳмам?

Худован уро навозиш кард ва гуфт: фариштаи ту бароят бехтарин суханҳоиро ки мумкин аст бишнави дар гуши ту зам зама мекунад ва бо сабру таҳамул ба ту ёд медихад, ки читавр суҳбат куни.

Кудак бонороҳати гуфт:Худоё! вахти ки бихоҳам бо ту суҳбат кунам чикор кунам?.

Худованд посухаш дод, ки фариштаат дастонатро дар канори хам қарор медихад ва ба ту ёд медихад, ки чихел дуъо куни.

Кудак сарашро баргардонд ва гуфт: Худоё! шунидаам, ки дар замин инсонҳои бад хам зиндаги мекунанд, чи каси аз ман муҳофизат мекунад?

Худованд фармуд: фариштаат аз ту муҳофизат мекунад ҳатто ба қимати ҷонашҳам тамом шава ва бо чону дилаш аз ту нигаҳдори мекунад.

Кудак бо нигарони идома дод: Худоё! ман ба далили ки дигар шуморо намебинам ҳамеша норохат хоҳамбуд.

Худованд лабханд зад ва гуфт: фариштаат ҳамеша дар бораи ман бо ту суҳбат хоҳад кард ва роҳи бозгашт ба суй манро нишонат медиҳад, гарчи ман ҳамеша дар канори ту хоҳам буд.

Дар он ҳангом Биҳишт ором буд аммо садои аз замин шунида мешуд ва кудак медонист, ки бояд сафарашро ба замин оғоз кунад.

Кудак ба ороми як суоли дигар аз Худованд пурсид:

Худоё! Агар ман ҳамин алоън биравам лутфан номи фариштаамро ба ман бигу.

Худованд пушти уро навозиш кард ва посух дод: номи фариштаат аҳмияти надорад, бароҳати метавони номи ӯро модар садо куни, метавони номи ӯро модар садо куни. Модар. Модар. Модар.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти