Please update your Flash Player to view content.

Иди Қурбон иди наздикӣ ба Худои Субҳон муборак бод!
Дуруду саломи Худои меҳрубон нисори шумо азизон бод!
Худои Маннонро сипосгузорем, ки бори дигар ба мӯъминону мусулмонон тавфиқи адои ҳақ ва ҷашни иди Қурбонро насиб гардонд.
Даҳуми моҳи Зилҳиҷҷа барои уммати мусулмон рӯзи наздикӣ ба Худои Субҳон ва ёдовари фидокории Халилурраҳмон ҳазрати Иброҳим ва фарзанди боихлосу пойдораш Исмоил (а) аст, ки дар имтиҳони бузурге пирӯз шуданд ва бо қурбонии бузург, ки ҳадяи Худои Мутаол буд ба Худо наздик шуданд ва ин рӯз ҷаҳонӣ ва ҷовидонӣ шуд.   
Суннат аст, ки мусулмонон субҳи рӯзи ид зуд аз хоб бархезанду бо шустушӯ ва пӯшиши либоси покиза ва бӯи хуш ба хонаи Худо беҳтарин маконҳои рӯи замин барои адои намози ид бираванд ва Худоро ба хотири ин неъмату саодат сипос гӯянд.
Беҳтар аст дар ин рӯз ба зиёрати аҳли қабристон бираванд ва бо қироати Фотиҳа ва дуову салавот бар Паёмбари Аъзам (с) рӯҳи гузаштагон ва ҳақдоронро шод ва ҳаёти худро обод кунанд ва ёдашон бошад, ки саранҷоми мо марг ва саҳми бадани мо аз дороии дунё чанд метр сони сафед ва чанд ваҷаб замину чан каф хок аст. Хайру баракат ва фурсатҳоро ғанимат бишуморанд ва аз доираи ризои Худованд берун нараванд. Аз Худо мехоҳем, ки гузаштагони моро бибахшад ва биёмурзад ва моро ҳам дар имтиҳонҳои зиндагӣ муваффақ ва пирӯз гардонад!
Иди саъиди Қурбон бар шумо муборак бод, мусулмонони азиз!

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти