Ҳар мусулмоне дӯст дорад, ки гуноҳ накунад ва агар анҷом дода чигуна тарк кунад. Чӣ роҳкоре барои тарки гуноҳ ҳаст? Гуноҳкор чӣ бояд бикунад? Ҷавоне пеши имом Содиқ (а) омаду гуфт: Чӣ кор кунам, ки гуноҳ накунам?  Имом Ҷаъфари Содиқ (а) бо бёни се роҳкор ба ҷавон фармуд: 1) Бо гунаҳкор дӯстӣ ва рафоқат накун, 2) фикри гуноҳ накун ва 3) дар маҷлиси гуноҳ ширкат накун.
1) Бо гунаҳкор дӯстӣ ва рафоқат накун!
Ҷавонони азиз, ҳар чӣ хуб бошед вақте бо фарди нолоиқ ва бадкоре рафиқ шудед чӣ бихоҳед ва чӣ нахоҳед гирифтор мешавед:
1. Дар мавзеи тӯҳмат қарор мегиред. Ҳазрати Алӣ (а) мефармояд: Аз ҷоҳое, ки сабаби муттаҳам шудан мешавад парҳез кунед.
2. Сухан ва амали ӯ дар рӯҳи шумо таъсир мекунад. Баъд аз он суханоне мегӯед ва корҳое мекунед, ки дар гузашта намегуфтед ва намекардед ва дар бандагӣ кардан суст мешавед ва аз масҷиду мавъиза ва солеҳон дурӣ мекунед.
Баъзе падару модарон мегӯянд: Фарзанди мо намозхон, рӯзагир ва парҳезкунанда аз ҳаром буд. Сари вақт намоз мехонад, аммо муддате аст, ки намозаш қазо мешавад ва нороҳат намешавад. Яке аз иллатҳо дӯстони нобоб аст. Нигоҳ кунед, ки бо чӣ касоне дӯстӣ дорад. Мебинед, ки рафиқҳои баде пайдо кардааст. Ҳазрати Алӣ (а) мефармояд: قارِن أهلَ الخَیرِ تَکُن مِنهُم  وَ بایِن أهلَ الشَّرِّ تَبِن عَنهُم  Бо хубон рафту омад ва дӯстӣ кунед ва ҳамнишин шавед то аз онҳо гардед ва аз бадон дурӣ кун то яке аз онҳо нашавед. Дар  сурате ки бо хубон бошед ҳам хушном ва ҳам хушахлоқ мешавед. Бояд эҳтиёт кунем, ки яке аз корҳои шайтон ин аст, ки васваса мекунад, ки муҳим ин аст, ки дил пок бошад пас нигоҳ ва сару сурат ва зоҳири ӯ накун. Бале Худо ҳам мегӯяд ва мехоҳад, ки дил пок бошад ва аслан Қуръонро барои ҳамин фиристодааст, ки бемориҳои дарунии инсонро шифо диҳад. Пас қиёфа ва вазъи зоҳирии афрод ҳам ба дил робита дорад. Бино бар ин иддаои хонуме, ки нимаӯрён бо ороиш ва зинати зиёд ба берун ва миёни ҷамъ меояд ва мегӯяд, ки ният ва ғарази бад надорам пазируфта нест. Чун агар як нафар ба пушти сари ин хонум як силӣ бизанад ва бигӯяд, ки бибахшед, қасди баде надоштам, балки мехостам шуморо навозиш ва эҳтиром кунам ё фарди дигаре ин хонумро ҳақорат кунад ва бигӯяд, ки қасди салом бар шуморо доштам. Оё ин хонум мепазирад ва аз ӯ ташаккур мекунад ё аз ӯ шикоят мекунад, ки ғалат мекунӣ бо ин корҳои бадат, чун худи ин кор бад ва поймол кардани ҳаққи дигарӣ аст. Ҳоло худи ин хонум бо вазъияти бад ва номуносиб ба миёни ҷамъ омадааст ва мегӯяд, ки қасди баде надорам. Мегӯем: Агар рост ҳам бигӯӣ боз корат бад ва хилоф аст. Ҳол он ки аз кӯза ҳамон бурун таровад, ки дар ӯст. Агар дил пок бошад амал ҳам покиза мешавад. Агар шишаи атрро боз кунем бӯи хуш ҳама ҷоро фаро мегирад.
2. Фикри гуноҳ накун!
На танҳо гуноҳ накунем, ки хеле ҳам муҳим аст набояд фикри гуноҳ кунем, ки ин муҳимтар аст, чун пешгирӣ беҳтар аз дармон аст. Фикр бояд пок бимонад ва олуда нашавад, чун агар фикри гуноҳ шуд муқаддимаи гуноҳ ва роҳи нуфузи шайтон мегардад. Ҳазрати Исо (а) мефармояд: Фикри гуноҳ мисли дуде аст, ки дар ҳуҷраи рангкорӣ ва зебо баланд мешавад. Дуд ҳуҷраро намесӯзонад, вале тираву тор ва сиёҳ мекунад. Фикри гуноҳ саҳифаи сафеди дили инсонро сиёҳ мекунад.
3. Дар маҷлиси гуноҳ ширкат накун!
Афроде ҳастанд, ки намехостанд гуноҳ кунанд, вале бо ҳузури дар маросимҳои гуноҳолуд дар доми шайтон афтоданд.
Боз фиреби шайтонро нахӯрем, чун ба диндорон мегӯяд: Ба маросими арӯсӣ бирав. Он ҷо дигарон месароянду мерақсанд ва шароб менӯшанд, вале ту дар як гӯша ист ва ҳамранги онҳо нашав. Бояд бидонем, ки худи сиёҳии лашкар ва боиси гарм шудани ин маъракаи пур аз гуноҳ шудан гуноҳ аст. Оё Расули Худо (с) дар ҳамчун маросиме ширкат мекард? Оё дӯст дорӣ Расули Худо (с) туро он ҷо бибинад. Худат қозии ният ва амали худат бош. Худои Мутаол мефармояд: Бале инсон худашро мешиносад ҳарчанд барои корҳои худ узр меорад. Имоми Содиқ (а) фармуд: Тақво яъне ҷое, ки Худо гуфта бош ва дӯст дорад дар он ҷо туро бинад бош ва он ҷое, ки гуфта набошӣ ва намехоҳад туро он ҷо бибинад набош. Худо, Расули Худо, фариштагон ва солеҳон аз ин маросим розӣ нестанд пас аз он дурӣ кун.
Ҷавони нуздаҳсолае, ки намехост гуноҳ кунад ба маҷлисе рафт. Дар он ҷо ҳозирони нобоби гунаҳкор шароб нӯшиданд ва ҷавони покро масхара карданд, ки ту мард нестӣ, ҳанӯз мисли бачаи ширхорӣ. Агар мардӣ як пиёла шароб бинӯш! Маҷбураш карданд то шароб нӯшид. Худи ин ҷавон гунаҳкор ва айбдор аст. Чаро дар ин маҷлиси гуноҳ ширкат кардӣ?
Имом Ризо (а) ба яке аз ёронаш паём фиристод, ки ман аз ту нигаронам: Чаро ба маҷлиси ноаҳлон ва нопокон рафтуомад мекунӣ?
Ёри имом ҷавоб фиристод, ки ибодат анҷом медиҳам ва бад нашудам, ҷои нигаронӣ нест.
Имом Ризо (а) фармуд: Табиати ту аз бадон бадӣ медуздад, дар ҳоле ки худат намедонӣ ва намефаҳмӣ. Ахлоқи онҳо дар ту асар мегузорад ва баъд аз муддате мисли онҳо мешавӣ. Пас парҳез кун!
Пас супориши имом Содиқ (а) барои гуноҳ накардан ва тарки гуноҳ ин аст, ки бо гунаҳкор рафиқ нашав, фикри гуноҳ накун ва дар маҷлиси гуноҳ ширкат накун!
Умедворем Худои Мутаол ба ҳамаи мо тавфиқи гуноҳ накардан ва тарки гуноҳ насиб кунад.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст