Please update your Flash Player to view content.

Муқаддима:

Ҳар низоми омӯзишӣ ва пажӯҳишӣ бар асоси биниш ва нигариши бунёнгузорони он, нисбат ба ҳақиқати инсон ва абъоди вуҷудии вай, ва низ бар ҳасби ҳадаф ё аҳдофе ки аз таълим ва тарбият, дар назар мегиранд ва низ бар асоси эътиқоде ки ба кайфияти рушд ва ҳаракати инсон ба сӯи ҳадафи матлуб доранд бино мешавад.

Ва дар воқеъ, ин бинишҳо ва нигаришҳост, ки мабонии таълим ва тарбияти ҳар низомеро таҳкил медиҳад ва ҳар чанд огоҳона мавриди таваҷҷӯҳ воқеъ нашавад ё мавриди тасарруф қарор нагирад.

Табъан низоми омӯзиш ва парвариши исломӣ ҳам мубтани бар як силсила мабонии хоссе аст, ки аз биниши Ислом дар бораи мавзӯоти ёдшуда, аз ин рӯй, лозим аст пеш аз табйини низоми омӯзиш ва парвариши исломӣ, ин мабонӣ, мавриди таваҷҷӯҳ воқеъ шавад ва сипас бар асоси онҳо табйин гардад.

Бар асоси ин биниш Ислом, нисбат ба ҳақиқати инсон ва абъоди вуҷудӣ ва ҳадафи офариниш ва камоли ниҳоӣ ва кайфияти ҳаракати вай ба сӯи он, метавон ин нуктаҳои дувоздаҳгонаро ба унвони мабонии таълим ва тарбияти исломӣ дар назар гирифт. Албатта ҳадаф аз таълим ва тарбияти исломӣ ҷуз фароҳам кардани заминаи такомули ҳар чи бештари инсонҳо нахоҳад буд ва ҳадафҳои корбурдӣ низ ҳамагӣ дар ин росто қарор мегиранд.

Мабонии таълим ва тарбият дар Ислом

-Ҳақиқати инсон аз дидгоҳи Ислом, инсон танҳо организми маҳсус нест, балки дорои унсури мовароӣ аст, ки баъд аз муталошӣ шудани бадан; ва ҳаёти ҷовидонӣ ва саодат ё шақовати абадӣ хоҳад дошт. Ва дар воқеъ, инсонияти инсон ба рӯҳи ӯст ва бадан ба манзалае[1] ҳам боқӣ мемонад. Абзоре барои фаъолият ё маркабе барои сайру ҳаракат аст, ки албатта мебоист дар ҳамин ҳад ба он, баҳо дод ва дар ҳифзи саломат ва ненӯмандии он кӯшид он чуноне ки мебоист ба саломат ва нерӯмандии абзор ва маркаб, аҳаммият шавад.

-Мавқеияти инсон дар ҷаҳон. Дар миёни мавҷудоти ин ҷаҳон, инсон аз неъматҳое бархӯрдор аст, ки ӯро аз дигар офаридагон, мумтоз месозад монанди зарофатҳое ки дар организми зоҳирӣ ва дарунӣ ва ба виже дар мағз ва системаи асабии ӯ бакор бурда шуда ва тавонишҳои равонӣ ба вижа ки дар дигар мавҷудоти зинда, ёфт намешавад. Ва дар асари ҳамин вижагист ки метавонад дар ҳамаи падидаҳои табиат додани ин имтиёзот ба инсон, навъе “Такрим”;-и таквинии илоҳӣ аст, ки дар Қуръони маҷид ба он ишора шудааст,[2] тасарруф кунад ва онҳоро дар роҳи таолӣ худаш бакор гирад.

-Инсон бар сари доварӣ (байни ду бениҳоят). Нерӯҳо ва истеъдодҳое ки Худои мутаол ба инсон, ато фармуда сармояи таквинии фитрӣ барои ҳаракати вай ба сӯи ҳадафи ниҳоӣ аст. Вале бакор гирифтани ин мояҳои Худододӣ, вобаста ба ирода ва ихтиёр ва интихоб ва гузиниши худи ӯст, ва ҳам чуноне ки метавонад аз ин неъматҳо ҳусни истифода карда бо баҳрагирӣ аз онҳо масири комили ҳақиқиро бипаймояд ва саодати абадиро бадаст биоварад ҳамчунин метавонад бо суи истифода аз онҳо дар роҳи аз байнбурдан, қадам бардорад то он ҷо ки аз ҳайвоноти дарранда ҳам бештар шавад,[3] ва шақовати абадиро барои худаш бихарад. Аз ин рӯ, метавон масири инсонро байни ду бениҳоят дар назар гирифт ки аз як сӯ ба саодат ва камоли бениҳоят, суъуд ва уруҷ мекунад ва сӯи дигар ба шақоват ва азоби бениҳоят, суқут мекунад.;[4] пас арзиш ва каромат ва табъан ҳамаи инсонҳо дорои арзиҳи мутлақ ва яксоне нахоҳанд буд. Пас арзиш ва каромати ниҳоӣ инсон, дар гарави интихоби роҳи тақво аст;[5] ва табъан ҳамаи инсонҳо дорои арзиши мутлақ ва яксоне нахоҳад буд. Балки аҳди имон ва амали солеҳ, дорои арзиши мусбат, ва аҳли куфр ва усён дорои арзиши манфӣ, ва ҳар як дорои маротиби мухталифе хоҳад буд.[6]

4- Ҳадаф аз офариниши инсон (камоли ниҳоӣ). Инсон бо вижагии хосси худаш барои ин, офарида шуда ки масири такомулро бо иродаи озод ва интихоби огоҳона бипаймояд;[7] ва лаёқати дарки файзҳои хоссе ки дар сояи ҳаракати ихтиёрӣ, ба вай расидаро пайдо кунад ва ба мақоми қурби илоҳӣ ки ҳамроҳи саводати ҷовидонӣ аст бирасад. Вале чун ин сайр ва ҳаракат бояд ба таври ихтиёрӣ анҷом гирад ночор бояд масири дигаре дар ҷиҳати мухолифи он, вуҷуд дошта бошад ки ба ҳақоват ва азоби абадӣ, хатм гардад.[8]

5- Дунё муқаддимаи охират. Бо таваҷҷӯҳ ба ҳадафи офариниши инсон, равшан мешавад ки зиндагии вай дар дунё, як даврони муддатдор ва муқаддамоте барои худсозӣ, ва парвариш додан ва баҳадаф расондани истеъдодҳост, ки натиҷаи собит ва абадии он, дар олами охират, зоҳир мегардад ва дар сурате ки башар, дар ин дунё ҷиҳати камолро интихоб кунад ба дори неъмат ва раҳмати абадӣ; ва дар сурате ки ҷиҳати зидди онро интихоб кунад ба дори азоб ва ҳалокати ҷовидонӣ хоҳад рафт. Ва ба таъбири Қуръони маҷид “хонаи озмоиш”;[9] аст то некӯкорон аз бадкорон, ҷудо ва шинохта шаванд ва ҳар як дар олами охират ба он чи саҳовори онанд бирасанд.

6- Василаи куллии ҳаракат. Сайру ҳаракати инсон ба сӯи камол ва саодат, ё фурӯғалтидани ӯ дар роҳи суқут ва ҳалокат, ба василаи аъмол ва рафторҳои дарунӣ (монанди ёди Худо) ва берунӣ, ҳосил мешавад ва ҳар қадар ин аъмол, озодонатар анҷом гирад таъсири бештаре хоҳад дошт ва бар шитоби ҳаракат хоҳад афзуд. Ва дур аз назар аз анҷоми чунин рафторҳое ҳеч хайру зарари ахлоқӣ, таҳаққуқ намеояд ва ҳечгуна истеҳқоқе барои подош ё азоб, падид назоҳад омад.[10]

7- Шароити ҳаракати ихтиёрӣ. Рафторҳои ихтиёрии инсон ки намои ҳаракати такомулӣ ё таназзулии вай мебошад аз майлҳо ва гароишҳои ғаризӣ ва фитрӣ, сарчашма мегирад ва ҷиҳат додан ба онҳо дар гарави донишҳо ва пазируфтани арзишҳои хоссе аст;.[11] Афзун бар ин, фаъолияҳои берунии инсон, ниёзманд ба имконоти табиӣ ва иҷтимоӣ ва фароҳам шудани асбоб ва шароити хориҷӣ ҳаст.

8- Ҳадди нисоб дар интихоби муассир. Рафторҳои ибтидоӣ инсон (монанди даврони ширхорагӣ) аз майлҳои ғаризӣ ва шинохтҳои ҳосил аз таҷрибаҳои сода ва бо истифода аз шароити моддӣ –ки бидуни ихтиёри вай фароҳам шуда- анҷом мегирад ва ингуна рафторҳо –ҳарчанд холӣ аз навъе гузиниш ва интихоб набошад- таъсири таъйинкунандае дар саодат ва шақовати абадӣ надорад зеро аз озодӣ ва огоҳии кофӣ, бархӯрдор нест.

Андак-андак, рафторҳо пеҷидатар ва ангезиши майлҳо ва фароҳам шудани донишҳо ва бинишҳо ва ҳамчунин таҳаққуқи асбоб ва шароити хориҷӣ, камобеш дар қаламрави ихтиёр ва интихоби шахс қарор мегирад ва заминаро барои бардоштани қадамҳои баланд ва сарнавиштсоз, муҳайё месозад, ва он ҳангоме аст, ки юа рушди ақлонии лозим бирасад (даврони булуғ ва таклиф) ва дар ин ҷо аст, ки ҳадди нисоби гузиниши огоҳона ва муассир дар саодат ва шақовати абадӣ, ҳосил мешавад ва шахс, мавриди масъулияти ҷиддӣ, қарор мегирад.[12]

9- Робитаи тафовутҳо бо масъулиятҳо: Афроди башар аз назари сармояҳои Худододӣ (чи аҳ нерӯҳои баданӣ ва тавонишҳои равонӣ) яксон нестанд ҳамчуноне ки бархӯрдории онҳо аз неъматҳои табиӣ ва иҷтимоӣ ва асбоб ва абзори фаъолиятҳои берунӣ, мутафовит аст. Ва ин тафовутҳо ношӣ аз низоми иллӣ ва маълулии ҳоким бар ҷаҳон ва таҳти тадбири ҳакимонаи илоҳӣ падид меояд;[13] ва бар асоси ин тафовутҳо каммият ва кайфияти масъулиятҳо ва вусъат ва зиқи майдон такомул ё таназзул, мутафовит мешавад. Ва қоидаи куллӣ ин аст, ки ҳар кас дар ҳадди истеъдод ва тавон[14]; ва дар маҳудудаи майдони интихоб, дар баробари Худое ки ин неъматҳоро ба ӯ ато фармуда, масъул аст[15]; ва бурди тараққӣ ва такомулаш бо бурди суқут ва таназзули вай, мутаодил ва мутавозин хоҳад буд.

10- Таъсири таълим ва тарбият (нақши муаллим ва мураббӣ). Инсон метавонад барои касби донишҳо ва бинишҳо ва шинохти арзишҳо, ва ба таври куллӣ барои ба феълият расондани истеъдодҳои худаш аз дигарон кӯмак бигирад ва хатоҳо ва каҷравиҳои худашро ҷуброн кунад. Ва аз ин ҷо аҳаммияти нақши муаллим ва мураббӣ, равшан мешавад зеро ӯст, ки метавонад бо омӯзиши маълумоти муфид ва маорифи арзишманд, бурди шинохт ва тааққули фарогирро вусъат бахшад,[16]; ва бо ироаи арзишҳои воло ва исботи бартарии онҳо бар майлҳо ва ҳавасҳои паст, ва нишон додани роҳи кантрол ва таъдили ғаризаҳо, ӯро дар интихоби саҳеҳ ва тасаллут бар ҳавоҳои нафсонӣ ва касби малакоти шоиста монанди исор ва фидокорӣ ва дар як калима, дар роҳи Худопарастӣ, ёрӣ диҳад ва бадин тартиб, ба сурати василаи арзанда барои таҳаққуқи ҳадафи илоҳӣ аз офариниши инсонҳо дарояд дар зимни ин ки қадами баланде дар роҳи такомули худаш бармедорад.[17]

11- Зарурати зиндагии иҷтимоӣ валозимаҳои он. Инсон барои идомаи ҳаёт ва таъмини ниёзмандиҳои зиндагӣ ва мубориза бо хатарҳои гуногун бояд бо ҳамнавъони худ ҳамкорӣ ва ҳамзистӣ дошта бошад ва барқарории зиндагии иҷтимоӣ, мутаваққиф бар тақсими кор, ва тавзеъи одилонаи манофе ва дастовардҳо, ва вуҷуди муқаррарот ва қавонин, ва дастгоҳе барои иҷрои онҳо мебошад. Ва бидуни онҳо зиндагии иҷтимоӣ дучори ҳарҷу марқ шуда афроди ҷомеа аз имконоти лозим барои ҳаракати такомулии худ маҳмур мегарданд. Асосан дар зиндагии иҷтимоб аст, ки фаъолиятҳо ва бархӯрдҳои гуногун, муяссар шуда замина барои озмоишҳо ва интизобҳо дар абъоди мухталиф, фароҳам меояд.[18]

12- Масъулиятҳои иҷтимоӣ. Назар ба ин ки роҳи зиндагии инсон, дусӯя аст ва таъйини ҷиҳати он дар гарави ихтиёр ва интихоби афрод ва гурӯҳҳост ҳамеша касоне ёфт хоҳад шуд ки на ӣанҳо бар хилофи масолеҳи шахсии худашон қадам бардошта ба сӯи шафоат ва ҳалокат, ҳаракат мекунанд балки музоҳиматҳо ва мушкилоте барои дигарон низ фароҳам мекунанд ва анвоъи зулмҳо ва ситамҳо ва таҷовузҳоро падид меоваранд ва агар ақдоми муассире дар ҷиҳати иршоди гумроҳон;[19] ва рафъи шарри ситамгарон ва ҳимоят аз маҳрумон ва мазлумон анҷом нагирад дере нахоҳад поид ки саросари ҷаҳонро зулму фасод фаро гирад ва заминае барои рушд ва такомули афроди тавоно ва хайрхоҳ, боқӣ намонад.[20] Бадин тартиб, анвоъе аз масъулиятҳои иҷтимоӣ барои афрод ва гурӯҳҳо расмӣ, собит мешавад.

[1] . “و نفخت فيه من روحي»، سوره‌ى مؤمنون/ آيه‌ى 14: «ثم انشأناه خلقاً آخر فتبارك الله احسن الخالقين” Сураи Сод, 72; Сураи Ҳуҷурот, 29.

[2] . “ولقد كرّمنا بني‌آدم و حملناهم فى البرّ و البحر و رزقناهم من الطيبات و فضّلناهم على كثير ممّن خلقنا تفضيلا” Сураи Исро, 70.

[3] . “ولقد ذرأنا لجهنّم كثيراً من الجنّ و الانس لهم قلوب لايفقهون بها و لهم اعين لايبصرون بها و لهم آذان لا يسمعون بها اولئك كالانعام بل هم اضل اولئك هم الغافلون” Сураи Аъроф, 179.

[4] . “لقد خلقنا الانسان فى احسن تقويم. ثمّ رددناه اسفل سافلين. الاّ الذين آمنوا و عملوا الصالحات فلهم اجر غيرممنون” Сураи Тин, 4.6.

[5] . “انّ اكرمكم عندالله اتقيكم” Сураи Ҳуҷурот, 13.

[6] . “هم درجات عندالله” Сураи Олиисрон, 163; Сураи Анъом, 132.

[7] . “فمن شاء فليؤمن و من شاء فليكفر” Сураи Каҳф, 29; “انّا خلقنا الانسان من نطفة امشاج نبتليه فجعلناه سميعاً بصيراً” Сураи Инсон, 2.

[8] . “الم اعهد اليكم يا بني‌آدم ان لا تعبدوا الشيطان انّه لكم عدوّ مبين. و ان اعبدونى هذا صراط مستقيم” Сураи Ёсин, 60. 61.

[9] . “ليبلوكم ايّكم احسن عملاً” Сураи Мулк, 2; “ونبلوكم بالشرّ و الخير فتنة و الينا ترجعون” Сураи Анбиё, 35.

[10] . “لها ما كسبت و عليها ما اكتسبت” Сураи Бақара, 286.

[11] . “انا هديناه السبيل امّا شاكراً و امّا كفورا” Сураи Инсон, 3.

[12] . “وابتلوا اليتامى حتّى اذا بلغوا النكاح فان آنستم منهم رشداً فادفعوا اليهم اموالهم” Сураи Нисо, 6.

[13] . “و رفع بعضكم فوق بعض درجات ليبلوكم فى ما اتاكم” Сураи Анъом, 165; “و الله فضّل بعضكم على بعض فى الرزق” Сураи Наҳл, 71.

[14] . “لا نكلّف نفساً الاّ وسعها” Сураи Бақара, 233.

[15] . “و لتُسألنّ عمّا كنتم تعملون»، سوره‌ى تكاثر” Сураи Наҳл, 93; “ثمّ لتسألنّ يومئذ عن النعيم” Сураи Такосур, 8; “لا يكلف الله نفساً الا ما آتاها” Сураи Талоқ, ояти 7.

[16] . “هل أتّبعُك على ان تعلّمنِ ممّا عُلّمتَ رُشداً” Сураи Каҳф, 66.

[17] .قال رسول الله(ص) لاميرالمؤمنين(ع): يا عليّ، لأن يهدى الله بك رجلاً خير لك ممّا طلعت عليه الشمس. و قال (ص):؛ «انّ معلّم الخير يستغفر له دواب الارض و حيتان البحر و كل ذى روح فى الهواء و جميع اهل السماء و الارض». و انّ العالم و المتعلّم فى الاجر سواء. و قال (ص): العالم و المتعلّم شريكان فى الاجر: للعالم اجران، و للمتعلّم اجر، و لا خير فى سوى ذلك.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти