Please update your Flash Player to view content.

Намоз нишони мусалмонӣ!

Вақте расули аъзам ҳазрати Муҳаммад(с) мабъус гаштанд, то мардумро ба дини мубини Ислом ҳидоят кунанд ва саодати дунё ва охиратро барои башар эҳдо намоянд, аввалин шартро дурӣ аз бут ва бутҳои моддӣ ва маънавӣ! донистанд.

Ба амри Аллоҳ таоло фармуданд: бигӯед: нест худое магар Аллоҳ наҷот меёбед.

Ин шуд шарту нишони мусалмонӣ. Аммо дине, ки мехоҳад ҳамаро наҷот диҳад, оҳиста оҳиста роҳҳои рушду тараққии маънавӣ ва моддиро ҳам ба пайравонаш нишон дод ва Намоз, ибодати Алло ба унвони нишони дурӣ аз ғайри Худо ва ибодати фақат Аллоҳ -ро ташреъ намуд.

Намоз дар вақтҳои муайян ва бо равишу ракаоти мушаххас аз нишонаҳое шуд, ки ҳатто муъминон ҷони худро медоданд ва онро ҳифз мекарданд, то рӯзи лиқо ва мавъуд бо сари боло ва ифтихор назди Худованд ва Расули Аъзамаш ҳозир шаванд ва подоши ибодати худро дарёфт намоянд.

Ҷойгоҳи намоз чунон аҳамият дошт, ки дар ҷангҳо асҳоб дар канори Расули Аллоҳ, ба намоз меистоданд ва барои дафъи шарри душман, гуруҳе дар сангар дар интизор буданд, то навбати онҳо бирасад ва намозро иқома кунанд.

Дар ҳодисаи Карбало - шаҳодати имом Ҳусайн(а) ва ёронаш ба дасти Язидиён, ҳамин ҳолат пеш омад, ки гуруҳе ночор буданд аз худ деворе бисозанд, то барои имом Ҳусайн(а) ва дигар намозгузорон халал ворид нашавад. Ин дар ҳоле буд, ки тирҳои душман бар сару сурати онҳо меборид ва ба дараҷаи шаҳодат дар дифоъ аз номоз мерасиданд.

Имрӯз ҳам намоз ҳамчун шиор ва нишонаи исломӣ ва мусалмонӣ шинохта шудааст ва бештари мусалмонон онро барпо медоранд. Албатта ончи муҳимтар аст, дарки ҳақиқати намоз ва амал ба моҳияти он аст, ки дар ҳар намоз мегуем: туро мепарастем (эй Худо) ва фақат аз ту истионат ва ёрӣ мехоҳем ... . Агар ҳақиқатан ба ин оят, ки дар ҳар намоз хонда мешавад диққат шавад, дигар набояд ғайри Ӯ курниш ва парастиш ва ҳатто итоат дар ғайри дин шавад.

Тарбияти кудакон, аз синини хурдсолӣ бо бурдани онҳо ба чамъомадҳои исломӣ, намозҳо, мавлудиҳо ва дигар маросимоте, ки ба муносибатҳои динӣ ва миллӣ дар чорчубаи Ислом анҷом мешавад, ва албатта омузиши онҳо ба намоз ва ҷамоъат, аз роҳҳои сохтани ҷомеаи идеол ва муъмину мусалмон аст, ки вазифаи ҳар муъмин ба дини Ислом буда ва ҳаст.

Иншоаллоҳ мо битавонем ҳақиқати Намоз ва ибодати Аллоҳро дарк кунем ва дар роҳи дифоъ ва иқомаи ҳақ ба лиқои маъбудамон бирасем

м.НУРИ ТОҶИКОН

НАМОЗ

نماز شد

Намози аввали вақт/истгоҳи метро

نماز شد

نماز شد

نماز شد

намози ҷамоат дар ҳар макон

 

نماز شد

نماز شد

омузиши кудакон ба намоз

نماز شد

 

نماز شد

نماز شد

намоз дар вайронаҳои Ғазза

نماز شد

نماز شد

 

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти