Please update your Flash Player to view content.

2. Дурӯғҳои огоҳона
Тарс аз муҷозот
Ӯ метарсад агар воқеиятро бигӯяд танбеҳ шавад, пас дурӯғ мегӯяд то танбеҳ ва сарзаниш нашавад.
Гурез аз бозҷӯии бузургтарҳо
Вақте ӯро бо пурсишҳои мухталиф ва паёпай зери фишор мегузоред ва дар ҳақиқат ӯро бозҷӯӣ мекунанд, тарҷеҳ медиҳад бо махфӣ кардани воқеият ба дифоъ аз шахсияти худ бипардозад ва бо радди ҳақиқат худро аз ин тангно наҷот диҳад.
Заъф ва нотавонӣ
Ҳаргоҳ ба исрор аз ӯ кореро бихоҳед, ки бештар аз тавону қудрати ӯст дар воқеъ водораш кардаед барои раҳо шудан аз ин таклифи сангин дурӯғ бигӯяд.
Ҳасодат ва рақобат
Кӯдакон бештарин дурӯғро ба хотири ҳасодат ба хоҳару бародари худ ё барои рақобат бо онҳо мегӯянд. Борҳо дидаед, ки ӯ махфиёна кӯдаки хурдсоли хонаро озор медиҳад ва ӯро ба гиря меандозад, вале дар баробари шумо рафтори худро инкор мекунад.
Ҷалби таваҷҷӯҳ
Агар эҳсос кунад, ки дар миёни ҷамъи бузургсолон ба фаромушӣ супорида шуда аст ва касе ба ӯ таваҷҷӯҳ ва диққат намекунад, талош мекунад бо гуфтани ҳарфҳое, ки воқеият надорад таваҷҷӯҳи дигаронро ба худ ҷалб кунад.
Ба даст овардани имтиёз
Кӯдак медонад, ки бо касби муваффақият ва гирифтани имтиёзоти бештар ташвиқ мешавад ва ё ҷоиза мегирад. Агар бо гузашти замон натавонад ба ин ташвиқ даст ёбад ба дурӯғгӯӣ ва дам задан аз имтиёзҳои ғайри воқеӣ мепардозад.
Пинҳон кардани иштибоҳот
Кӯдакон низ монанди мо барои худ шахсияте қоил ҳастанд. Вақте сарзаниш мешаванд ранҷ мебаранд. Ба ҳамин хотир вақте иштибоҳе кунанд ва бидонанд, ки ба хотири он сарзаниш ва маломат хоҳанд шуд, дурӯғ мегӯянд.
Интиқом гирифтан
Гоҳе кӯдак чунон аз дасти дигарон ва ба вижа падару модари худ нороҳат ва дилгир аст, ки ба камин менишинад то дар замони муносиб аз онҳо интиқом бигирад. Дар мавориде ин эҳсос ба андозае шадид аст, ки мумкин аст бо гуфтани дурӯғ, обрӯи падару модарашро дар ҳузури дигарон бибарад. Бад нест бидонед кӯдаконе, ки ба ин кор даст мезанад бештар аз дигар кӯдакон, эҳсосоте мисли заъф, ҳақорат ва мазлумиятро таҷриба мекунанд.
Ғафлати падару модар дар тарбияти кӯдак
Гоҳе вокунишҳои иштибоҳи падару модар дар баробари рафтори кӯдакон нохудогоҳ онҳоро водор ба дурӯғгӯӣ мекунад. Вақте кӯдак эҳсоси манфии худро нисбат ба дигарӣ ба вижа хоҳар ва бародари худ иброз мекунад, бо бархурдори шадид ва гоҳе хушунати волидайн рӯ ба рӯ мешавад, аммо ҳангоме ки эҳсоси мусбатеро ҳарчанд бо дурӯғ баён мекунад, ташвиқ мешавад ва подош мегирад. Ба ин тартиб нохудогоҳ ёд мегирад, ки бо дурӯғ гуфтан аз шароити беҳтаре баҳраманд хоҳад шуд.
Ташвиқҳои нобаҷои падару модар
Гоҳе кӯдакон бо ширинзабониҳои худ дурӯғеро, ки мумкин аст аз дигарон омухта бошанд дар ҳузури падару модари худ мегӯянд ва онҳо бе таваҷҷӯҳ ӯро таҳсин мекунанд ва паёмадҳои ин корро дар назар намегиранд. Кӯдак, ки аз ташвиқи падару модар шодмон аст тасаввур мекунад, ки бо такрори ин рафтор метавонад ҳамеша онҳоро шод кунад.
Пас метавон натиҷа гирифт, ки бештари кӯдаконе, ки дурӯғ мегӯянд вижагиҳои зер доранд:
Эҳсоси ҳақорат мекунанд.
Эътимоди каме ба худ доранд.
Ҳамеша дар ҷустуҷӯи таваҷҷӯҳи дигаронанд.
Ба падару модару дигар атрофиён эътимод надоранд.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти