Please update your Flash Player to view content.

"Тарбияти кӯдак" дар асл ба маънои инсонсози аст ва ин тарбият худ ба худ чизе аст бисёр муҳим, чунон ки ишорае шуд, ҳадаф аз биъсати пайғамбарони илоҳӣ низ чизе ҷуз ин нест[1].

  Агар бихоҳем ҷомеаи солим ва инсонӣ дошта бошем, боз ҳам бояд аввал аз шахс ва фард шуруъ кунем ва асоси тарбияти инсонҳо, дар кӯдакӣ ва ба дасти падар ва модар аст.

  Инсони хуб ва шоиста касе аст, ки аз аввали кӯдакӣ дар асоси тарбияти ахлоқӣ бузург шуда ва ё пас аз фаҳмидан ҷуброни камбудҳои рӯзҳои кӯдакиро намуда ва бар асоси тарбияти ахлоқӣ инсонӣ, илоҳӣ бузург шуда сифатҳои нек ва фазилатҳои инсонӣ дар зот ва ботин ва рӯҳи ӯ реша давонида аст, ба хотири ин ҳеҷвақт набояд падар ва модар, тарбияти саҳеҳи фарзанди худро ба оянда монда фикр кунанд, ки фарзанд фақат дар ҷойҳое монанди мактаб ва ҷойҳои дигар тарбият хоҳад шуд ва сифатҳо ва малакаҳои ахлоқиро ёд хоҳад гирифт.

   Бояд донист аввалин ҷои тарбияти фарзанд дар хона ва ба дасти падар ва модар мебошад ва хона аввалин мактаби кӯдак ва падар ва модар аввалин муаллимҳои ӯ ҳастанд, пас чи хуб аст, ки ин аввалин мактаб ва ин аввалин омӯзгорон ба беҳтарин навъ, саҳми худро дар тарбият бигузоранд.[2]


[1]. ...يُزَكِّيهِمْ وَ يُعَلِّمُهُمُ الْكِتاب... сураи Ҷумъа, ояти 9.

[2]. Тарбияти фарзанди солим ва бо нишот.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти