Please update your Flash Player to view content.

      

      Як рӯз ҳазрати Сулаймон (ъ) бо лашкаронаш аз дашти мӯрон мегузашт. Раиси мӯрчаҳо вақте аз омадани лашкари Сулаймон огоҳӣ ёфт, ба мӯрчагон дастур дод: ”Тез ба хонаи худатон биравед! Мабодо Сулаймону лашкаронаш шуморо поймол кунанд.” Бод (шамол) ин садоро ба гӯши Сулаймон расонид. Сулаймон мӯрчаро хосту гуфт: “Ту моро то ин ҳад ғофил медонӣ, ки тасаввур мекунӣ, ки шуморо поймол мекунем ва намефаҳмем?”

Раиси мӯрчаҳо ҷавоб дод: “На, ман медонам, ки шумо ба расми адолат ошно ҳастед, вале ман ҳам бояд ба вазифаи сарпарастиву раҳбарӣ худам амал кунам. Мӯрчаҳои заиф бояд одат кунанд, ки вақте саҳро шулуғ аст, ба паноҳгоҳи худашон бираванд. Ман ин ҳарфро задам, ки мӯрчаҳо зудтар итоат кунанд.”

Ҳазрати Сулаймон аз шунидани ин ҳарф хандид ва ба ӯ ҳақ дод. Онгоҳ Худоро шукр гуфт ва дуо кард, ки ҳар кас дар кори хеш ҳушёр бошад ва вазифаи худро бидонад.

Tojikon.org

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти