Please update your Flash Player to view content.
Искандари Хатлонӣ дар 13 октябри соли 1954 дар шаҳри «Кӯлоб» чашм ба ҷаҳон кушод.
Пас аз поёни мактаб вориди омӯзишгоҳи сохтмонсозӣ шуд ва чун ба шеъру адабиёт алоқаи фаровон дошт, дар соли 1976 ба донишкадаи адабиёт ба номи «Максим Горкий» дар шаҳри «Москва» ворид шуд ва онро дар соли 1981 хатм кард.
Хатлонӣ пас аз поёни ин донишкада ба тавсияи устодони руси худ ба интишороти «Прогресс»-и Москва, ки дар мавриди Эрон ва Афғонистон фаъолият мекунад, мунтақил шуд. Тайи чанд соле, ки дар ин муассиса машғул буд теъдоди қобили таваҷҷӯҳе аз ашъори шоирон ва нависандагон ва матолиби пажӯҳишии муҳаққиқони эронӣ ва афғонистониро ба русӣ тарҷума ва чоп кард.
Хатлонӣ тайи солҳои 1985-1988 ба унвони мутарҷими гурӯҳи мушовирони Шӯравии собиқ дар Афғонистон кор кард ва дар ин фурсат бо адабиёт ва шеъри муосири Афғонистон ва Эрон ва паймонаи густурдаи он ошно шуд. Аз ҷумла тамосҳои наздики вай бо шоирони номии Афғонистон назири Сулаймон Лоиқ, Бориқ Шафеӣ, Восиф Бохтарӣ, Латиф Педром ва дигар аҳолии фарҳангу адаби Афғонистон ба амиқ кардани мутолиоташ дар ҳавзаи шеър ва адабиёти форсӣ кӯмак кард ва сабаби тағйири асосӣ дар нигоҳи вай ба шеъру шоирӣ шуд.
Хатлонӣ дар даҳаи 1980 дар маҷаллот ва рӯзномаҳои Афғонистон теъдоде аз ашъори худро мунташир кард ва дар ниҳоят дар соли 1988 китоберо бо унвони «Садои пои вожаҳо» дар Кобул ба чоп расонд.
Хатлонӣ пас аз бозгашт аз Афғонистон дар соли 1988 дар ҳафтаномаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон «Адабиёт ва санъат» машғул шуд ва дар соли 1990 ба Москва рафт то як даҳа ба фаъолиятҳои рӯзноманигорӣ машғул шуд. Ӯ рӯзноманигор ва хабарнигори радиои Озодӣ дар Москва буд. Дар ин давра низ маҷмӯаи дигареро ба номи «Кӯшоиш» чоп намуд.
Вай дар 21 декабри соли 2000 дар синни 46 солагӣ дар шаҳри «Москва» дар манзилаш ваҳшиёна бо зарби табар кушта шуд, ки то кунун муҷримони ин ҷиноят шиносоӣ ва боздошту муҷозот нашудаанд.
Аз ин шоири хушзавқи тоҷик панҷ маҷмӯаи ашъор ба номҳои «Парвоз» (1981), «Шукуфаҳо» (1986), «Садои пои вожаҳо» (1986), «Гӯшоиш» (1998) ва «Косаи шир» (2011) ба мерос мондааст.
Худо раҳматаш кунад.
Инак намунаи шеъри шоир тақдим мегардад:
Таронаи марди ғариб
Худоё, беватан мемирам охир
Ва бе гӯру кафан мемирам охир
Агарчӣ ваҳдати ҷону танам ҳаст
Парешон ҷону тан мемирам охир
Ватанхоҳони худхоҳу дурӯғин
Лагоми ёваро сар дода имрӯз
Даҳоншон каф кунад аз доду фарёд
Ба хилват лек хомӯшанду мармуз...
Ман аз пиндорашон огоҳам, эй ёр
Ман аз фарёдашон безорам, эй дӯст
Ва ин бегонагони худнаморо
Ба гӯристон надидан низ некӯст...
Шигифт ояд маро з-ин ҳуққабозон
Ки дар пиндори худшон беназиранд
Ба зоҳир подшоҳу хону султон
Ба ботин лек ноаслу ҳақиранд...
Дар ин давлат, ки мо давлат надорем
Ватан бозичаи дасти дигарҳост
Ман он дардам, ки дармоне надорад
Ман он мардум, ки бедор асту танҳост...

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти