Please update your Flash Player to view content.

Қавми ба ҳаҷ рафта, ба ҳаҷ рафтаанд
Бе ту дар ин бодия, каҷ рафтаанд

Каъба туӣ Каъба ба ҷуз санг нест

Оинае мисли ту беранг нест

Оинаи раҳгузари суфиён

Санг, насиби гузари Куфиён

Куфа дам аз меҳру вафо мезанад

Шом туро санги ҷафо мезанад

Куфа агар оинаатро шикаст

Шом аз ин воқеа тарфе набаст

Куфа агар теғу табарзин шавад

Шом агар яксара озин шавад

Марг агар асби маро зин кунад

Хуни маро теғи ту тазмин кунад

Оташи парҳез набуррад маро

Теғи аҷал низ набуррад маро

Бе сару сомони туам ё Ҳусайн

Даст ба домони туам ё Ҳусайн

Ҷони Алӣ силсила бандам макун

Гардам аз хок баландам макун

Оқибат ин ишқ ҳалокам кунад

Дар гузари кӯи ту хокам кунад

Турбати ту бӯи Худо медиҳад

Бӯи ҳузури шуҳадо медиҳад
Оқосӣ

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти