Please update your Flash Player to view content.

Чӣ рӯдҳо, ки шабу рӯз озими сафаранд

Ба дастбӯсии дарё ҳамеша муфтахаранд

Ба номи розиқи нону рутаб малоика ҳам
Нишастаанд, ки аз суфраи ту нон бибаранд

Дуои хайри ту пушти тамоми инсонҳост
Кабутарони дуоят ҳамеша дар сафаранд

Чӣ оҳувони сафеде, ки дар ҳаёти ҳарам
Ба ишқи сайди нигоҳат нишаста пушти даранд

Дар ин ҳаёт, ки олам ҳубут мекунаду
Муқаддарот аз ин остона мегузаранд

Чӣ қадр гул ба кафам додиву нафаҳмидам
Фариштаҳои ҳарам гулфурӯши раҳгузаранд

Ту боғбони шаҷарҳои тайиба ҳастӣ
Ки пайравони шумо меваҳои ин шаҷаранд
Раҳмони Навознай
Имом Алӣ ибни Мусо Ризо (рҳ) дар ёздаҳуми моҳи Зиқаъдаи соли 148 ҳ.қ. дар шаҳри Мадина ба дунё омад. Боргоҳи малакутии ишон дар шаҳри Машҳади Ҷумҳурии Исломии Эрон зиёратгоҳи мусуломонон ва озодагони ҷаҳон аст.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти