Please update your Flash Player to view content.

Набзи мо рӯ бар Сурайё меравад

Чунки нархи барқ боло меравад

На маоше ҳасту на як ҷои кор
Ин ҷафо ба киссаи мо меравад

Сангтуда дарди моро кам накард
Барқи мо то ба кай савдо меравад?

Чашми уммеде ба Роғун доштем
Ноумедӣ бар раги мо меравад

Бо чунини ҳоли табоҳу бепулӣ
Кай дили мо сӯи фардо меравад?

Барқи тоҷик барқи андӯҳу малол
Нола бар лаб зору танҳо меравад

Ин идора доимо аз бепулӣ
Чун гадоён бесарупо меравад

Нархҳо аз қалби кайҳон бигзаранд
Аз забонҳо ҳарфи "Э во" меравад

Ғайри мурдан чизи арзон намонд
Набзи мо рӯ бар Сурайё меравад
Исмоил Зарифӣ

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти