Please update your Flash Player to view content.

Эй меҳри ту беҳтарин алоиқ

Ҷонҳо ба зиёрати ту шоиқ

Моро набуд ба ҷуз хаёлат
Ёри хушу ҳамдами мувофиқ

Бемории рӯҳро даво нест
Ҷуз меҳр ту, эй табиби ҳозиқ

Эй нури ҷамоли кибриёӣ
Эй нури ту зинати машориқ

Рӯзе, ки дамид нури хилқат
Рухсори ту буд субҳи содиқ

Аз ҷилваи ту таборак-Аллоҳ
Фармуд ба хилқати ту холиқ

Ҳусни ту худ аз ҷамоли Заҳрост
Эй зодаи беҳтарин халоиқ

Бар тахти камолу тоҷи исмат
Охир, ки бувад ба ҷуз ту лоиқ

Тафсир камоли эзадӣ буд
Гуфтори ту, эй имоми Содиқ

Бошад сухани ту ҷовидонӣ
Будаст чу бо амал мутобиқ

Афсӯс шудӣ шаҳид охир
Аз ҳилаи нокаси мунофиқ

Аз доғи ту шуд ҷаҳон азодор
Зеро ба ту оламест ошиқ

Мотамзадаему ғам чу дарёст
Дилҳо ҳама чун шикаста қоиқ

Он дам, ки Ҳассон фикри ёрем
Морост зи беҳтарин дақоиқ
Ҳасан Лутфӣ

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти