Please update your Flash Player to view content.

Бӯи хуши меҳмонии ҷононаи ҷон рафт
Он моҳи иҷобат чӣ шитобон зи миён рафт

Ё Раб, ҳамаи моҳ ба зикри ту азиз аст

Фархундатарин лаҳзаву моҳат – Рамазон рафт

Бинмо ту дуо дар ҳаққи онон, ки набуданд,

То соли дигар ёд кунанд он, ки фалон рафт

Мо ҳам биравем дар пайи тақдири Худованд,

Рӯзе шунавӣ дӯст, ки аз дори ҷаҳон рафт

Ғафлат накунӣ дӯст, ки дунё гузарон аст

Донӣ, ки касеро, ки Худо хост ҳамон рафт

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти