Please update your Flash Player to view content.

14 Хурдодмоҳи 1398 ҳиҷрӣ-шамсӣ (4/6/2019) солрӯзи реҳлати раҳбари фақиди Инқилоби исломӣ ва бунёнгузори кабири низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон аст. Рӯҳаш шод ва роҳаш пурраҳрав ва бодавом бод!
 
Рафтиву атри ёди ту дар рӯзгор монд

Яъне, ки аз ту хотираи бешумор монд

Рафтиву дар фироқи ту ин миллати бузург
Хун гиря карду то ба абад ашкбор монд

Рафтиву бо ғуруби ту, Қуръон ғариб шуд
Исломи ноб, дар ғами ту, сӯгвор монд

Рафтӣ туву ҳамосаи сурхи Ҳусайниат
То лаҳзаи қиёми валӣ барқарор монд

Рафтӣ туву бинои баруманди инқилоб
Бо ин шукӯҳу ҷазбаи пуриқтидор монд

Рафтӣ туву нарафт зи дил шавқи зиндагӣ
Дар ҳайратам аз ӯ, ки барои чӣ кор монд

Мурдиву зинда гашт зи ту, дини Аҳмадӣ
Таърихро, ба номи ту ин ифтихор монд

Дасти валии ҳақ биниҳад марҳаме магар
Ин синаро, ки дар ғами ту сӯгвор монд

"Оташ" гирифт ҷонаму тан шӯълавор сӯхт
Аз моҷарои Карбубало беқарор монд

Киштӣ шикастхӯрдаи тӯфони ғуссаҳо
Доғат ба синаи дили мо ошкор монд

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти