ماه رمضان
Инак ин моҳ, моҳи Қуръон аст.
Раҳмати ҳақ ба аҳли имон аст.
Тавбаи худ намо ба пеши Худо,
Моҳи омурзиши гуноҳон аст.
Бош доим ба ёду зикри Худо,
К-ин ҳақиқат туро нигаҳбон аст.
Баста гардид ҳар дари дӯзах,
Ин ҳама ҳадяе зи Яздон аст.
Як шаби он ҳазор моҳ бартар,
Чун замони нузули Қуръон аст.
Чашмпӯшӣ намо ту аз шаҳват,
Кори соим, ки тарки исён аст.
Бо дуову ниёишаш гӯяд,
Бандаатро бибахш, пушаймон аст.
Хондани ояте баробари кул,
Чунки ин моҳ, баҳори Қуръон аст.
Хоби имрӯзи ту итоати туст,
Ҳар нафас гӯӣ зикри субҳон аст.
Ҳусни уқбо талаб намо доим,
Раҳмату лутфи ҳақ фаровон аст.
Шаҳриёр
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст