Please update your Flash Player to view content.

Ин шеър бо хоҳиши модари рустоие, ки ягона писараш ӯро танҳо гузоштаву ба Душанбе кӯч бастаааст, эҷод шуд. Модар борҳо ба дидани фарзанду наберагонаш рафта, аммо меҳру самимияте, ки мехост, дарнаёфта ва танҳоиро баргузидааст.

Ба зудӣ хонаҳо бунёд карда,
Туро дар кулба танҳо монд фарзанд.
Ту гуфтӣ: Кӯдаконатро бубинам,
Туро бар хона меҳмон хонд фарзанд.

Дилат бемеҳр тангу торик омад,
Чароғатро фурӯзон кард фарзанд.
Тамоми устухонат дард мекард,
Ба ту курсии нарм овард фарзанд.

Ту вақте лаб ба ҳарфе мекушодӣ,
«Ба ман занги телефон», гуфт фарзанд.
Ва аз нав уқдаи дил мекушодӣ,
Ба дигар ҳуҷра рафту хуфт фарзанд.

Ба пирӣ муттако азбас дилат хост,
Ба дасти ту асо овард фарзанд.
Замоне гармии дил хостӣ, лек,
Ба ту печи Хито овард фарзанд.

Дилат гум зад ба ҳарфи ширадоре,
Вале ширу шакар овард фарзанд.
Зи дарди сар ту шояд ранҷ бурдӣ,
Ба ту рӯймоли сар овард фарзанд.

Ва шояд пои ту месӯхт шабҳо,
Ба поят кафши нав овард фарзанд.
Ту танҳо бо дилат мегуфтӣ ӯро:
«Ба оғўшам биё, баргард, фарзанд».

Миёни шӯру ғавғоҳои тифлон,
Ба зудӣ ашки ғамро пок кардӣ.
Ту гӯӣ, қисматат ин буда доим,
Дили бечораатро чок кардӣ.

Саҳар анбони худ бар каф гирифта,
Ба сӯи кулбаат оҳиста рафтӣ.
Ба мӯре ҳам надода ранҷу озор,
Ба даргоҳи Худо шоиста рафтӣ.
Бузургмеҳри Баҳодур

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти