Please update your Flash Player to view content.

Ғуруби сахт дилгир асту ман бинишастаам инҷо
Канори ғори парту сокити танҳо
Ки мегӯянд: "Рузе рӯзгоре, маҳбати ваҳйи Худо будаст,
Ва номи он “Ҳиро” будаст.
Бурун аз ғор зеҳни хаставу танҳои ман, чун мурғи навболе
Канори ғор, аз ҳар санг, ҳар сахра, парад бар сахрае дигар
Ва меҷӯяд ба ковишҳои пайгирӣ, нишониҳои мардеро
Ва пайдо мекунам гӯӣ нишониҳо, ки меҷӯям:
Ҳамон аст, ӯст,
Ятими Макка, чӯпонак, ҷавонак, навҷавоне аз Банӣ Ҳошим
Ва бозаргони роҳи Маккаву Шомот
Амин, он ростин, он покдил, он мард.
Ва шӯе бартарин бону; Хадиҷа
Низ, он кас, к-ӯ сухан ҷуз ҳақ намегӯяд ва ғайр аз ҳақ намеҷӯяд
Ва бутҳоро ситоишгар намебошад.
Ва инак; ин ҳамон марди абрмард аст
"Муҳаммад" ӯст.
Палосе бар тан аст ӯро,
Ва мебинам, ки биншастааст чунон чун ҳамон айём
Ҳамон айём к-ин раҳро басо бисёр мепаймуд,
Ва танҳо менишаст ин ҷо,
Ғам он Маккаи машъуми он айёмро бо ғор менолед...........
Ва мебинам ту гӯӣ ранги ғамгини каломашро, ки мегӯяд:
"Худои Каъба, эй якто!
Дурудамро пазиро бош, эй бартару бишнав ончи мегӯям
Паёми дарди инсонҳои қарнамро зи ман бишнав
Паёми талхи духтарбачагони хуфта андар гӯр
Паёми ранҷи инсонҳои зери бор, в-аз озодагии маҳҷур
Паёми он ки афтодаст дар гирдоб.
Худои Каъба, эй якто!
Фурӯғи ҷовидон бифрист, к-ин шабҳо басе тор аст ...
Бад-ин ҳангом
Касе, оҳиста, гӯӣ чун насиме, мехазад дар ғор.
Муҳаммадро садо ором меояд фуруд аз авҷ
Ва наҷвогуна мегардад, пас онгаҳ мешавад хомӯш.
Ва ман, дар фикри онам к-ин чӣ кас буд, аз куҷо омад?!
Ки ногаҳ ин садо омад:
"Бихон!".......
Аммо ҷавобе барнамехезад.
Муҳаммад сахт мабҳут аст гӯё,..... Кош медидам!
Садо бо гармтар ово ва ширинтар баёне боз мегӯяд:
"Бихон!" ....
Аммо Муҳаммад ҳамчунон хомӯш.
Пас аз лахте сукут – аммо, ки умре буд гӯӣ,- гуфт:
"........ман хондан намедонам! "
Ҳамон кас боз посух дод:
"Бихон! Ба номи парвандаи эзадат, к-ӯ офаринандаст ........."
Ва ӯ мехонад, аммо лаҳни овояш,
Ба дигар гуна оҳанг аст,
Садое гӯ Худоранг аст.
Мехонд:
"Бихон ба номи парвандаи эзадат к-ӯ офаринандаст ..."
Дуруде метаровад аз лабам бар ӯ
Дуруди гарм.
Ғуруб асту уфуқи гулгуну хушранг аст
Ва ман бинишастаам ин ҷо, канори ғори парту сокити танҳо
Ки мегӯянд: "Рӯзе рӯзгоре маҳбати ваҳйи Худо будаст
Ва номи он "Ҳиро" будаст..."
Алии Мусавии Гарморудӣ

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти