Эй Расули ишқ, эй рӯҳи калом!
Эй танини раҳмати ҳастӣ мудом!

Эй азону такбиру тавҳиди ноб!
Эй Муҳаммад(с) марзбони офтоб!

Эй ки дорӣ бӯи ёсу настаран
Аз ҳарири ишқ дорӣ пираҳан

Эй гули сурх, эй таҷаллии баҳор!
Абри раҳмат бар кавири мо бибор!

Эй зулоли об, эй ҳамтои мавҷ!
Эй Расули Ҳақ, ки мемонӣ ба авҷ!

Эй баҳори ваҳй дар боғи замин!
Ғурбати талхи мусулмонон бибин!

Эй Муҳаммад(с) хотами пайғамбарон!
Эй барои ҳастӣ мебошӣ амон!

Ту иҷобат кун дуои хондаро!
Дастгирӣ кун дили дармондаро!

Саф ба сафҳо ғусса дар овози мост!
Ханҷаре дар синаҳои бози мост.

То нахушкад буттаи имонамон,
Дасти мо гир, эй Расули меҳрубон!
Аллоҳумма саллӣ ало Муҳаммадин ва Оли Муҳаммад
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст