Please update your Flash Player to view content.

Азизам, модарам, ҷонам фидоят,

Биё монам сари худро ба поят.

Ба зери пои ту фирдавси пок аст,
Бимирам ман, бимирам ман, бароят.

Ниҳоли ҳастии ман сабз бошад,
Зи файзи дастҳои пурдуоят.

Бихоҳ аз ман, ҳар он чизе, ки хоҳӣ,
Ба ман кофӣ фақат ҳарфи ризоят.

Маро эй модари ҷон карда шоир,
Ҳамон сарводаҳои аллаҳоят.

Ту устдодӣ, ту раҳбар, раҳкушоӣ,
Надорад олиме ақли расоят.

Ҳақиқатро ба хубӣ кардаам дарк,
Ҳанӯз аз маънии афсонаҳоят.

Садоқатро зи ту омӯхтам ман,
Ҷавонмардӣ, зи покии ҳиҷоят.

Чӣ пайғамбар, чӣ шоир кӯдаки туст,
Худо дода ҳаёти бобақоят.

Ба ман дарси ватанхоҳӣ ту додӣ,
Ба гаҳвора, ба ҳарфу бо имоят.

Ту гуфтӣ, ки Ватан-Модар, Ватан- тахт,
Ватан бунёди нангу иддаоят.

Маро якрӯягӣ аз таълими туст,
Дабистони нахустинам сароят.

Сабабгори ҳама авҷу барорӣ,
Надидам, модаро, боре хатоят.

Тапиданҳои набзи ҷонам аз ту,
Туро ман дӯст дорам бениҳоят.

Набандад кӯч аз рӯйи чу моҳат,
Табассумҳои хурсандифизоят.

Надорам серӣ аз меҳри ту модар,
Бимонам то лаби гӯрам гадоят.

Ба ҳадди сад ҷаҳон лабрези меҳр аст,
Дили озодаву дарёнамоят.

Шиори ман ҳамин ҳарфи ту бошад:
Худат баҳри худат шав муттакоят.

Ҳавои ишқи дунё дар дилат нест,
Фақат бошад камоли ман ҳавоят.

Фалак шоҳид, тамоман бешикаст аст,
Ғурурат, шишаи аҳду вафоят.

Муқаддас ҳастиву бемисл, модар,
Намеарзад ҷаҳоне бар баҳоят.

Маро ту бо муҳаббат парваридӣ,
Бигардам вақти пирият асоят.

Балогардони ман ҳастӣ ба олам,
Бигирам, модаро, дарду балоят.

Ягона, бебаҳоӣ, бемисолӣ,
Ба қалбу рӯйи ҳар ду чашм ҷоят.

Ҳумои осмони ман ту бошӣ,
Бигӯям то дами ҳастӣ саноят.

Тамоми рӯшании рӯзгорам,
Зи рухсори сафеду босафоят.

Ту модар ибтидои хубиҳоӣ,
Надорад интиҳо ганҷи сахоят.

Туро аз дарди дунё ҳеҷ боке,
Саодатмандиҳои мо давоят.

Ман огоҳам, ягон оҳанг, модар,
Надорад шираи сози садоят.

Мағалҳои ҷаҳон аз носипосист,
Шавам қурбони ашки дидаҳоят.

Машав ғамгин зи нодонии бархе,
Набинам модаро ранҷу аноят.

Ҷаҳон аз будани ту бобақо аст,
Наояд, модаро, ҳеҷ интиҳоят.
СИНОИ АБӮАЛӢ.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти