Please update your Flash Player to view content.

Ҳама оромиши дил аз падар бувад

Маро аз номи ӯ номе ба сар буд

Маро дар курароҳи зиндагонӣ
Чароғу раҳнамо дар ҳар гузар буд

Маро иқболу давлат аз вуҷудаш
Ҳамеша ёварам аз ҳар назар буд

Тамошои маро оромиши ҷон
Нигоҳаш хуштар аз лутфи саҳар буд

Ба чашмонаш тасаллои дили реш
Каломи дилнишинаш чун шакар буд

Канораш беҳтар аз фасли баҳорон
Ҳузураш боиси фатҳу зафар буд

Ҳамеша меҳри модарро ба дил дошт
Барояш ҳамсари воло гуҳар бувад

Ба модар гар биҳиште зери по ҳаст
Атои ин фазилат аз падар буд

На танҳо сояи меҳраш маро пушт
Ки аз ҷон ҳофизи мо аз хатар буд

Падар то умр дорад ҳоми мост
Ба камтар ранҷи ӯ аз худ бадар буд

Набинӣ ходиме бемузд чун ӯ
Ки кораш беҳтар аз сад коргар буд

Ҳар он фарзанд бинад суфраашро
Насибаш табъи волову ҳунар буд

Писарро гар падар домод созад
Зифофаш чун амирон дар зафар буд

Ҳар он фарзанд қадрашро накӯ дошт
Ҳамеша рӯзиаш дар пои дар буд

Бирав то метавонӣ хидматаш кун
Дуояш пеши Яздон коргар буд

Ба давронаш кам аз шоҳӣ надорӣ
Хушо рӯзе, ки бо ту ҳамсафар буд

Расид аз меҳри ӯ Юсуф ба шоҳӣ
Ризояш беҳтар аз дурру гуҳар буд

Ҳар он кас меҳри ӯро кам чашида
Ҳамеша ҳасраташ андар назар буд

Ҳазорон ҳайф умри одамиро
Барояш муҳлати кутаҳ ба сар буд

Гурезе нест одамро зи мурдан
Ки дар тақдири одам ин сафар буд

Ҳаводис одамиро дар камин аст
Аҷал ҳам дар камини ҳар башар буд

Ҳазорон сӯзи беандоза дорад
Агар марги падар андар хабар буд

Падар чун рахт бандад нобаҳангом
Видоаш кудаконро талхтар буд

Касе к-ӯ ҷуз падар ёре надорад
Бимирад дардҳояш бештар буд

Барои ҳасрати дидори рӯяш
Ду чашмони тараш доим ба дар буд

На чашм ором гирад не дилу ҷон
Фироқаш бар дили санг ҳамасар буд

Агар бо сели ашкам зинда мегашт
Маро худ ин тавон дар чашми тар буд

Чигуна аз фироқаш кас нанолад
Ки дар умраш бароят болу пар буд

Валекин рафтаҳо н-оянд охир
Агарчӣ дар ҷаҳон пайғомбар буд

Ба рӯзе гуфт андарзе ба фарзанд
Чу меҳри дилбарӣ ӯро ба сар буд

Нагардад шӯи бад, бобои некӯ
Агар майлат ба духтар ё писар бувад

Хуш он ҳамсар, ки дорад хулқи некӯ
Вагарна издивоҷаш бо зарар буд

Падар ҷон аст, падар ҷонони ҷон аст
Агарчи камтар аз як коргар буд

Биё то ҳаст қадрашро бидонем
Ки пайки марг кораш бехабар буд

Дили олам зи марги ҳар падар сухт
Ки марги ҳар падар доғи башар буд
Азими Некбаҳор

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти