Please update your Flash Player to view content.
 
Худоё, ман набинам ашки модар,
Ки ҳастиаш ба ҷони ман баробар!
Тамоми сахтиҳои зиндагонӣ
Таҳаммул мекунад якҷо саросар
Нагардад ҳеҷ гоҳ муҳтоҷи ноне
Ки умре ҷон нисор карда диловар
Сазои номи мардӣ нест дигар
Агар қадраш надонем, эй бародар
Ғарибу бекасу танҳо намонад
Худоё, дар ҳаёташ бош ёвар!
Каломе камтар аз уфаш нагӯем
Ризои ӯ бидон аз амри довар
Биё то арзиши гавҳар бидонем
Агар ҷаннат намудӣ хуб бовар
Абдусалом
 

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти