Please update your Flash Player to view content.

Эй маҳи шабзиндадорам, дӯст медорам туро!

Нурбахши шоми торам, дӯст медорам туро! 
Ҳаст гармои ҳаётам доимо аз файзи ту, 
Файзбахши рӯзгорам дӯст медорам туро! 
Гарчӣ дурам аз канорат дар ғарибӣ модарам 
Лек ҳастӣ беқарорам, дӯст медорам туро! 
Шукр гӯям ман зи даргоҳи Худои меҳрубон
Неъмати арзанда дорам, дӯст медорам туро!
Дар тамоми печу хамҳои сарои бевафо
Такягоҳи пойдорам, дӯст медорам туро!
Бо дуоят модари нуронӣ оям назди ту, 
Сар ба поят мегузорам, дӯст медорам туро!
Абдусалом

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти