Модар, биҳишти ман ҳама оғӯши гарми туст

Гӯӣ сарам ҳанӯз ба болини нарми туст

Модар, ҳаёт бо ту биҳишт асту хуррам аст
В-ар бе ту буд ҳар ду ҷаҳонаш ҷаҳаннам аст

Моро авотиф ин ҳама аз шири модар аст
Ин меҳрҳо, ки дар дилу шуре, ки дар сар аст

Онон, ки боз пардаи ҳурмат даридаанд
Дар кӯдакӣ муҳаббати модар надидаанд

Имрӯз ҳастиям ба умеди дуои туст
Фардо калиди боғи биҳиштам ризои туст
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст