Дар ин замони ҷунунҷилваи ҳаливудӣ
Куҷо диле тапад аз нағмаҳои довудӣ?

Чӣ айб дида, ки бар рӯи даҳр менигаранд
Зи пушти шишаи дудиву айнаки дудӣ?

Бисоти худ ба чӣ сайёрае фиристоданд,
Ки мекашанд ҷаҳонро ба сӯи нобудӣ!

Хаёли оташи дигар ҳамепазад дар сар
Чамидапо магасе бо димоғи намрудӣ.

Баҳона - ҳаста, ҳадаф - ҳастӣ, гуӣ бистонанд,
Зи ҳастае, ки набудаст кини нобудӣ.

Мисоли кори ҷаҳондору қисмати фарҳанг-
Ҳадиси Пири Аҷам дону пили маҳмудӣ.

Шукуфаро насазад, к-аз фарози шохи баланд
Ба реша таъна занад, ки «чаро гилолудӣ?!».

Умеди ман ба дуои масеҳанфосест
Бихон, ки даст ба омин кашад Варорудӣ.
Рустами Ваҳҳоб
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст