Please update your Flash Player to view content.

Эй бонуи атҳари намуна

В-эй духти Паямбари намуна

Эй Фотима, эй ҳабибаи ҳақ
Машҳур ба Кавсари намуна

Ғайр аз падарат касе надорад
Монанди ту духтари намуна

Ҳамвора Хадиҷа медурахшад
Дар қуллаи бовари намуна

Тубо ба мақоми ту, Алиро
Ҳамкуфвиву ҳамсари намуна

Ақди ту дар осмон малак хонд
Эй ҳамсари шавҳари намуна

Зодӣ ту Ҳасан, Ҳусейну Зайнб
Эй Тоҳира, модари намуна

Ганҷинаи илму маърифатро
Н-ояд чу ту гавҳари намуна

Зайнаб зи ту дарси мантиқ омӯхт
То гашт суханвари намуна

Эй дар ҳарам аз малак муқарраб
Эй бар фалак ахтари намуна

Рӯ ҳар, ки ба даргаҳат ниҳода
Бигрифта фар аз дари намуна

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти