Чеҳраи нурониат, имом
Доимо ба рӯи мо бошад
Аз сафову сидқ в-аз тавҳид
Рашҳа-рашҳаи зиё бошад

Дар дилат инқилоби исломӣ
Раҳнамоӣ ба халқи эронӣ
Бо шукӯҳу шаҳомате доим
Ту ҳамеша ҷовидон монӣ

Ба тавофи ту меравем акнун
Хуфта андар Биҳишти Заҳроӣ
Эй биҳиштӣ, дуот мегӯям
Зинда андар замири моҳоӣ
Одина Азимӣ
Аз табори Офтоб, шеъри шоирони тоҷик дар васфи имом Хумайнӣ, саҳ. 22
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст