Please update your Flash Player to view content.

Ширкаткунанда дар солгарди реҳлати малакутии имом Хумайнӣ
 Ман сӯроғи ёри ҷонон омадам
         Сӯҳбати пири Ҷаморон омадам
 Омадам имрӯз имомам рафтааст
         Бо дили ором инак хуфтааст
 Омадам баҳраш азодорӣ кунам
         Бар сари қабраш даме зорӣ кунам
 Гиряву зорикунон сӯи ҳарам
         Бо дили пурҳасрате монам қадам
 Чун дароям дар ҳарам ман дилфигор
         Ашки чашмамро намебошад қарор
 Эй дили пур аз фироқу орзу
         Бо ту ман хоҳам намоям гуфтугӯ
 Рафт аз рӯи замин рӯҳи Худо
         Нури чашми хонадони Мустафо с
 Рафтанаш дилро басе пурхун кард
         Ошиқони сӯхтаро маҷнун кард
 Ӯ чароғи Аҳмадӣ равшан намуд
         Хорзореро басе гулшан намуд
 Мо ҳама гӯем дуруду сад салом    
         Бар равони покат, эй олимақом
Алии Ҳисорӣ
Аз табори офтоб, шеъри шоирони тоҷик дар васфи имом Хумайнӣ, саҳ.31

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти