Please update your Flash Player to view content.

Зи ту хуршед кай хоҳам? Чароғи манзилам кофист
Ба рӯзгори ту ман моҳам, ту бошӣ ҳамдилам кофист

Дар ин авзои туфонӣ, агар ҳамроҳи ман монӣ

Нахоҳам аз ту султонӣ шавад ҳал мушкилам кофист

Намонда тоқати дурӣ, гузашт умрам ба ранҷурӣ

Ба сони шамъ чун нуре бувад дар маҳфилам кофист

Ғарибӣ дарди бедармон, ҷудо гардидаанд ёрон

Агар чун қатраи борон биборӣ бар гилам кофист

Фаровон аст оби баҳр, накун эй моҳии ман қаҳр

Шудам танҳотарини шаҳр биёӣ соҳилам кофист

Ту рафтиву пушаймонам ҳамеша зору нолонам

Ба роҳат дида пазмонам ба ёдат шомилам кофист

Шунидам таънаву нафрин, биёву ваъзи манро бин

Магар дар зиндагӣ оин намудӣ ботилам кофист

Худоё, ҳофизаш бошӣ, ба қалбаш меҳри ман пошӣ

Бигардад луқмааш ошӣ, дуои комилам кофист

Агар зулмам раво дорӣ, накардӣ баҳри ман ёрӣ

Ба даргоҳаш кунам зорӣ, Худои одилам кофист

Абдусалом  

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти