Please update your Flash Player to view content.

Рафтиву баъди ту соҳибназаре нест, ки нест
Аз дили ғамзадагон бохабаре нест, ки нест

Олам аз партави рӯят ҳама нуронӣ буд

Баъди ту ламъаи нури саҳаре нест, ки нест

Боғи ирфону маонӣ ҳама аз ҳосил монд

Чун ту пурбор дигар як шаҷаре нест, ки нест

Корвон мераваду қофиласолор куҷост

Сӯи фардо бари мо номабаре нест, ки нест

Роҳ гум карда кунун қутбнамо меҷӯям

Баҳри парвоз дигар болу паре нест, ки нест

Шеъри ирфонии ту лаззат дигар дорад

Дар суҳуфи дили мо шеъри таре нест, ки нест

Шӯълаи рӯи ту хуршеди ҷаҳоноро буд

Даҳр холист кунун пардадаре нест, ки нест

Дил ҳаме хост, ки ҳамроҳи ту бошад ҳама умр

Оҳ, сад оҳ, варо ҳамсафаре нест, ки нест

Исмоил Зарифӣ

Аз табори Офтоб, шеъри шоирони тоҷик дар васфи имом Хумайнӣ, саҳ.21-22

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти