Ҳаво дилпазир шуд, гул аз хок бардамид
Парасту ба бозгашт зад нағмаи умед
Ба ҷӯш омад аз хун даруни раги гиёҳ
Баҳори хуҷастафол хиромон расад зи роҳ

Ба хешон, ба дӯстон, ба ёрони ошно
Ба мардони тезхашм, ки пайкор мекунанд
Ба онон, ки бо қалам табоҳии даҳрро
Ба чашми ҷаҳониён падидор мекунанд

Баҳорон хуҷаста бод, баҳорон хуҷаста бод
Ва ин банди бандагӣ ва ин бори фақру ҷаҳл
Ба сартосари ҷаҳон, ба ҳар сурате, ки ҳаст
Нагуну гусаста бод, нагуну гусаста бод

Шоир: Доктор Абдуллоҳ Беҳзодӣ
Оҳангсоз: Исфандиёр Мунфаридзода
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст