Ҳар дам ба рӯи ман
Гӯяд адӯи ман
К-ин шеваи дарии ту чун дуд меравад
Нобуд мешавад

Бовар намекунам
Бовар намекунам
Бовар намекунам

Лафзе, ки аз латофати он ҷон кунад ҳузур
Рақсад забон ба созашу ояд ба дида нур
Лафзе ба ранги лолаи домони кӯҳсор
Лафзе ба сони бусаи ҷонпарвари нигор
Ширинтару лазиз
Аз тунги шаккар аст
Қиматтару азиз
Аз панди модар аст
Зеб аз бунафша дораду аз нозбӯй бӯй
Софӣ зи чашма ҷӯяду шухӣ аз оби ҷӯй
Нав-нав таровате бидиҳад
Чун сабзаи баҳор
Форам чу савти булбулу дилбар чу обшор
Бо ҷӯшу мавҷи худ
Мавҷе чу мавҷи руд
Бо созу тоби худ
Бо шаҳди ноби худ
Дил об мекунад
Шодоб мекунад
Лафзе, ки эътиқоди ман асту маро вуҷуд
Лафзе, ки пеши ҳар суханам оварад суҷуд
Чун ишқи дилбарам
Чун хоки кишварам
Чун завқи кӯдакӣ
Чун байти Рӯдакӣ
Чун зарраҳои нури басар мепарастамаш
Чун шуълаҳои нарми саҳар мепарастамаш
Ман зиндаву зи дидаи ман
Чун дуд меравад?
Нобуд мешавад?
Бовар намекунам
Бовар намекунам
Номаш барам ба авҷи само мерасад сарам
Аз шавқ мепарам
Сад марди муътабар
Ояд бари назар
К-онро чу лафзи байту ғазал
Иншо намудаам
Бо панди Саъдиям
Бо шеъри Хофизам
Чун ишқи оламе ба ҷаҳон
Эҳдо намудаам
Сарсон машава адӯ
Қубҳе зи ман маҷӯ
К-ин ишқи пок дар дили дилпарвари ҷаҳон
Монад ҳаме ҷавон
То ҳаст одаме
То ҳаст оламе
Убайд Раҷаб
Аз соқа то садр, саҳ.405-407
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст