Please update your Flash Player to view content.


Ояд зи ҳар сӯ
Бар хиттаи ту
Баҳри тавоф
Имоми дилҷӯ
Биҳишти Заҳро
Биҳишти Заҳро

Амвоҷи одам
Як пора олам
Меояд ин ҷо
Гардида хуррам

Биҳишти Заҳро
Биҳишти Заҳро

Қадри Хумайнӣ
Ин ҷо бубинӣ
Кардаст дар он
Маскангузинӣ

Биҳишти Заҳро
Биҳишти Заҳро
Одина Азимӣ
Аз табори Офтоб, шеъри шоирони тоҷик дар васфи имом Хумайнӣ, саҳ.17
Биҳишти Заҳро номи қабристони бузург дар беруни шаҳри Теҳрон аст, ки шаҳидону фидоиёни зиёдеро дар оғуши худ ҷой додааст. Марқади имом Хумайнӣ каме поинтар аз Биҳишти Заҳро аст, ки ошиқону алоқамандон ба имом Хумайнӣ барои зиёрати қабраш мераванд.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти