Please update your Flash Player to view content.

Марде аз мардони олам шуд баланд
Инчунин кас дар ҷаҳон кам шуд баланд

Бо даме ҳамчун нафасҳои баҳор

Бо даме бурранда ҳамчун Зулфиқор

Теғ ронад тезии андешааш

Фикри шайтонро барад аз решааш

Аз нафас овард пайғоми баҳор

Аз назар овард субҳи беғубор

Офтобе бо тулӯи арғувон

Дар раги Ховар шуд аз ӯ хун равон

Нест карда решаи илҳодро

Кор баста ҷавҳари пулодро

Ҷавҳари Эрон зи имони қавист

Теғии шамшери ӯ ҳам маънавист

Боз пас омад Хумайнӣ аз фаранг

Ғутавар дар кори ҳақ ҳамчун наҳанг

Нуктаи дунётаконӣ дошт ӯ

Ҳиммати дунёситонӣ дошт ӯ

Ҳамчу баҳре вусъати оинааш

Нуҳ фалак гум гашта кунҷи синааш

Заъфи муслимро яке неруи нав

Канда ӯ аз аз кӯҳи оҳан ҷӯи нав

Марде бо меҳри Набӣ шавқи Алӣ

Марде бо туфону бо дарёдилӣ

Саф, ки меорост мардум бар сидод

Зарбаи кӯбанда омад бар фасод

Саҷдае чун Ҷабраил омад фуруд

Саҷдае аз меҳри дил омад фуруд
Қувватбеки Давлат
Аз табори Офтоб, шеъри шоирони тоҷик дар васфи имом Хумайнӣ, саҳ. 16

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти