Please update your Flash Player to view content.

Кистӣ, эй ки аз оғоз туро меҷӯям?

Роҳи ман кӯр шуду боз туро меҷӯям!

Медамад аз дили сеторам аҷаб оҳанге
Меравам дар дили овоз туро меҷӯям

Бас ки дар оина чашмони туро мебинам
Ман дар ин оинаи роз туро меҷӯям

Андар он шуъла, ки парвона параш месӯзад
Мезанам болу шаҳи ноз туро меҷӯям

Шаҳр аз файзи қадамҳои ту гулборон шуд
Кистӣ, эй ки аз оғоз туро меҷӯям?

Нуқраи Суннатниё
Аз табори Офтоб, васфи имом Хумайнӣ дар шеъри шоирони тоҷик, саҳ.14.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти