Урён макун, эй духтари зебо тани худро
Кӯтаҳ макун аз роҳи ҳавас домани худро

Ҷамъанд дар атрофи ту мардони ҳавасбоз

Холӣ кун аз ин ҷамъ ту пироҳани худро

Дар роҳи ту бас аҳриманонанд ба ҳар кӯй

Бишнос ба ҳар марҳила Аҳримани худро

Зинҳор ба тақдири зану духтари ғарбӣ

Аз ёд мабар шеваи роҳ рафтани худро

Марде, ки туро мебарад аз роҳ ба андарз

Беҳтар, ки насиҳат кунад аввал зани худро
Юсуфбахшии Хонсорӣ
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст