Номи суруд: Баҳмани хунини ҷовидон
Шоир: Ҳумофар
Оҳангсоз: Доктор Ҳамиди Беҳбуд
Хонанда: Гуруҳӣ
Замон ва макон: Ин суруди хотираангез ва мондагор дар дувумин солгарди пирӯзии Инқилоби Исломии Эрон дар фазои пуршӯри он солҳо дар маркази Садо ва симои Форс тавлид шуд ва мавриди истиқболи мардум қарор гирифт.

Имом Хумайнӣ рӯзи 12 Баҳманмоҳи 1357 ҳ.ш. (1/2/1979) вориди Эрон шуд ва 22 Баҳманмоҳи 1357 Инқилоби Исломии Эрон ба пирӯзӣ расид. Ин даҳ рӯз ба унвони "Даҳаи Фаҷри Инқилоби Исломӣ" ҳар сол ҷашн гирифта мешавад ва даҳҳо миллион мусулмону инқилобии Эрон дар он ширкат мекунанд. Имсол чиҳилумин солгарди пирӯзии Инқилоби Исломии Эрон аст. 1979-2019

Омада мавсими фатҳу имон
Шуъла зад бар уфуқ нури Қуръон
Дар дили Баҳмани сарди таърих
Лола сар зад зи хуни шаҳидон

Лолаҳо қомати сурхи ишқанд
Сарнавишти ту бо хун навиштанд
Пайкари покат эй ҷон ба кафро
Аз азал бо шаҳодат сириштанд

Баҳмани хунини ҷовидон
То абад зинда бодо Қуръон
Баҳмани хунини ҷовидон
То абад зинда ёди шаҳидон

Мақдаматро имомо, шаҳидон
Бо нисори тани худ кушуданд
Хунашон фарши роҳи ту бодо
Ошиқи поки роҳи ту буданд

Омадӣ бо паёмат, Хумайнӣ
Аз раҳоиву аз ғам сурудӣ
Он ки бар зулми шаб ҳамлавар шуд
Эй Хумайнӣ ту будӣ, ту будӣ

Баҳмани хунини ҷовидон
То абад зинда бодо Қуръон
Баҳмани хунини ҷовидон
То абад зинда ёди шаҳидон

Дар дили тори шаб, эй шаҳидон
Дасти қаҳҳори халқи Худоед
Аз табори Ҳусейни шаҳидед
Аз диёри уруҷу Худоед

Дар зимистон баҳорон омад
Одам аз қаъри даврон омад
Бӯи насли шақоиқ печид
Бӯи атри шаҳидон омад

Баҳмани хунини ҷовидон
То абад зинда бодо Қуръон
Баҳмани хунини ҷовидон
То абад зинда ёди шаҳидон
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст